Донишгоҳи технологӣ ҳамкориҳои байналмилалиашро тавсеа медиҳад

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли равон муваффақ шудааст, ки бо 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судмандеро ба роҳ мондааст.

Ин нуктаро Илҳом Амонзода, ректори донишгоҳи мазкур 1-уми август зимни нишасти матбуотӣ қайд карда, гуфт ин талош ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳро густариш додааст. Гуфта шуд, ки дар ин шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расидааст.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар ин давра Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои амалӣ гардидани 5 лоиҳаи Барномаи ЭРАСМУС+ Иттиҳоди Аврупо Лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ”-и Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ), лоиҳаҳои Ташкилоти Кореягии WTIT “Интиқоли технологияҳои коммуникатсионии глобалӣ”, Маркази байналмилалии тиҷоратӣ (ТТС), фаъолона иштирок намуда истодааст, ки амалишавии бештари онҳо дар солҳои оянда низ идома меёбад.