Ҳангоми баргузории рейдҳо 419 (ҳамин давраи соли гузашта 416 ҳолат) ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад.
Ин нукта дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим зикр шуда, тавзеҳ гардид, ки ошкор намудани қонуншиканиҳо дар вилоятҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин аст: шаҳри Душанбе 61 (ҳамин давраи соли гузашта 50) ҳолат, ВМКБ 15 (ҳамин давраи соли гузашта 8) ҳолат, вилояти Суғд 116 (ҳамин давраи соли гузашта 127) ҳолат, вилояти Хатлон 142 (ҳамин давраи соли гузашта 165) ҳолат ва ШНТҶ 85 (ҳамин давраи соли гузашта 66) ҳолат.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ хатнасури хайриявии 1079 тифл ва тӯйи домодию арӯсии 165 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона гузаронида шуд.
Дар ин давра тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 12475 рейд, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 2939, ВМКБ 52, вилояти Суғд 1946, вилояти Хатлон 3741, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3797 гузаронида шудааст.
Т