Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 18658,7 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд мебошад.
Ин нукта имрўз зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида, илова шуд, ки аз ҷумла дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ғалладона 705,2 ҳазор тонна, гўшти чорво 100,8 ҳазор тонна, гўшти паранда 23,8 ҳазор тонна, тухм 555 млн дона, пашм 5,2 ҳазор тонна, асал 605 тонна ва моҳӣ 1,6 ҳазор тонна истеҳсол гардидааст.
Ҳамзамон дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо 103 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 24,1 млн доллари ИМА содирот карда шудааст.