То оғозшавии мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» ду рӯзи дигар боқӣ мондааст

Рӯзи 23-июл дар шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи футзал таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад. Дастаҳои 6-кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон барои зинаҳои ифтихорӣ мубориза мебаранд.

Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15-бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила доир мегардад ва дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳо муайян карда мешавад.

Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.