Бонки миллии Тоҷикистон дар муроҷиат ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ бори дигар ёдовар шуд, дар асоси фармони Президенти кишвар аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
Бо назардошти ин таъкид мегарадад, ки шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, то барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд.
Барои амалӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муздноки давлатӣ шахсони воқеӣ метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет-бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд.
Дар ҳамин ҳол тамоми ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон барои афзоиши қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ва омода кардани зерсохтҳои зарурӣ дар ин замина иқдомоти мушаххас рӯи даст гирифтаанд.
Аҳамияти пардохти ғайринақдӣ ва давра ба давра гузариш ба он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 23-уми декабри соли 2022 баён гардидааст, махсус зикр карда мешавад.
ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” аз оғози фаъолияти худ ба соҳаи пардохти ғайринақдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, давра ба давра талош мекунад, то дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Яке аз самтҳои стратегӣ ва дурнамои фаъолияти Бонк низ маҳз ба соҳаи пардохти ғайринақдӣ равона карда шудааст. Яъне Аввалин бонки молиявии хурд гузариш ба пардохти ғайринақдии кишварро, ки яке аз соҳаҳои пешбурди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад, асоси фаъолияти худ қарор додааст.
Ҳанӯз чанд сол қабл, яъне дар оғози иқдомҳои гузариш ба пардохти ғайринақдӣ дар Тоҷикистон Аввалин бонки молиявии хурд платформаи онлайнии www.pay.fmfb.tj-ро таъсис дод, ки якчанд амалиётҳоро иҷро менамояд. Платформаи мазкур ҳар сол давра ба давра навсозӣ гардида ва ба он меъёрҳои нави хизматрасонии бонкӣ ворид карда мешаванд. Бо истифода аз www.pay.fmfb.tj миҷоз метавонад, пардохти хизматрасониҳои комуналӣ, интиқоли маблағи байни Корти миллӣ, қабули маблағи интиқолшуда ва дигар хизматрасониҳои бонкиро иҷро намояд.
Дар ин баробар Аввалин Бонки Молиявии Хурд КОРТИ ОСОН-ро, ки корти инфиродии низоми пардохти миллии «КОРТИ МИЛЛӢ» аст, ба ҳамаи муштариён барои гирифтани интиқолҳои пулӣ ва пасандози воситаҳои пулӣ аз тариқи ройгон пешниҳод мекунад.
Инчунин, дорандагони кортҳо метавонанд, тавассути “КОРТИ ОСОН” дар нуқтаҳои савдою хизматрасон хариди молу хизматҳоро дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ғайринақдӣ анҷом диҳанд.
Ҳамчунин, дар Бонк низомҳои пардохтии Корти миллӣ ва VISA барои иҷрои амалиётҳои ғайринақдӣ пешниҳод карда карда шудаанд.
Аввалин Бонки Молиявии Хурд илова ба дафтари марказии худ дар шаҳри Душанбе, инчунин, дар минтақаи Рашт – ноҳияи Ғарм, ВМКБ – шаҳри Хоруғ, вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд, вилояти Хатлон – шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар дар маҷмуъ 8 филиал ва дар саросари кишвар 36 маркази хизматрасонии бонкӣ (МХБ) дорад, ки муштариён метавонанд барои гирифтани қарзҳои мазкур ва дигар хазматрасониҳои бонкӣ ба онҳо муроҷиат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли ҷорӣ, шурӯъ аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад.