Бошгоҳи «Истиқлол» бозингари нав харид

Дастаи «Истиклол»-и шаҳри Душанбе дар равзанаи хариду фурӯши тобистона боз як шартномаи дигарро ба имзо расонид.

Ин навбат тими пойтахт бо футболбози Эронӣ Муҷтабо Муқтадоӣ созишномаи як сола ба миён гузоштанд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии бошгоҳ хабар дода шудааст.

Бозингари 27-сола дар дастаҳои «Нафт Мис», «Зуб Оҳон», «Санат Нафт» ва «Мес Кирмон» ҳунарнамоӣ кардааст. Дар ҳайати бошгоҳи «Истиқлол» Муҷтабо Муқтадоӣ таҳти рақами 22 баромад мекунад.