Хатлон: Содироти зиёда аз 63 ҳазор тонна маҳсулот дар шаш моҳ 

Аз оғози мавсими нави содирот дар асоси амри раиси вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ҳама истгоҳҳои роҳи оҳани Хатлон аз он ҷумла истгоҳи роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ, Хатлон, Қабодиён, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб ба хотири дастгирии соҳибкорон, сари вақт содирот намудани молу маҳсулот ба хориҷи кишвар оид ба расмиятдарорӣ ҳамаи сохторҳои марбутаи дахлдор пеш аз ҳама хадамоти гумрук, шуғли аҳолӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия, палатаи савдо ва саноат, кумитаи бехатарии озуқаворӣ вобаст гашта, барои соҳибкорон  бо мақсади тариқи роҳи оҳани Хатлон содирот кардани маҳсулот шароити муносиб фароҳам оварда шудааст, – мегӯяд Зоирзода Умед Тоир, роҳбари бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Тавре номбурда гуфт, дар қаламрави мамлакат бо мақсади пурра истифодабарии роҳи оҳани Хатлон-Амузанг бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама пиёзи барвақтӣ 80% тахфиф эълон шудааст, ки ин имкон медиҳад соҳибкорон аз қаламрави вилояти Хатлон бештар маҳсулот содирот намоянд.

Ба иттилои Зоирзода Умед дар асоси маълумотномаи хадамоти гумрук дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ танҳо тариқи гумруки вилояти Хатлон 7 ҳазору 340 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, инчунин тариқи гумруки вилояти Суғд 50 ҳазору 800 тонна ва тариқи гумруки ноҳияҳои тобеи ҷумҳур, аз он ҷумла шаҳри Турсунзода 1084 тонна, дар маҷмӯъ зиёда аз 63 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз қаламрави вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар содирот гардидааст. Маҳсулоте, ки имрӯз 80% содироти маҳсулоти кишоварзии вилоятро ташкил менамояд, ин пиёзи барвақтӣ аст. Сабаби талаботи зиёд  доштани пиёзи барвақтӣ дар берун аз ҷумҳур низ он аст, ки вақте дар моҳҳои апрел-май ин маҳсулот дар вилояти Хатлон – дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Қабодиён, Шаҳритус пухта мерасад, дар қаламрави Осиёи Миёна аз ҷумлаи аввалинҳо мебошад ва дар ҳамин давра барои бозори  Осиёи Миёна, умуман давлатҳои Русия, Қазоқистон таъмини ин маҳсулот муҳим аст. Дар ин давра пиёзи барвақтӣ ҳам тариқи роҳи оҳан ва ҳам тариқи роҳи овтомобилгард аз ҳама бештар ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Туркия ва Белорусия содирт карда шудааст. То ба имрӯз аз қаламрави вилояти Хатлон, ки калонтарин содироткунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад дар баробари пиёзи барвақтӣ зиёда аз 1,5 ҳазор тонна олу, 1200 тонна зардолу, 700 тонна тарбуз, зиёда аз 340 тонна лаблабу, карам, себ ва чормағзи заминӣ содирот гаштаст.   

Инчунин, номбурда гуфт, “Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ яке аз чорабиниҳои бисёр муҳим барои ҷалби соҳибкорони хориҷӣ ин баргузории сеюмин форуми байналмилалии содиротии “Бохтар-Фуд” буд, ки 25-май дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар ин форум намояндагони зиёда аз 9 давлати ҷаҳон аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Афғонистон ва Белорусия иштирок намуданд ва умед аст, ки дар оянда аз вилояти Хатлон содироти молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ чӣ тариқи роҳи оҳан ва чӣ тариқи роҳи автомобилгард боз ҳам бештар густариш хоҳад ёфт”. Ба иттилои манбаъ байни соҳибкорон шартномаҳо баста шудаст, ки ин имкон медиҳад дар оянда содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар зиёдтар шавад ва ба ин васила вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Имрӯз дар ҳақиқат молу маҳсулоте, ки дар вилояти Хатлон истеҳсол карда мешавад дар ҷаҳон назир надорад ва бо сифати баланду таъми хуш харидоронаш зиёд мегарданд.

Маҳмалӣ Акрамов,

радиои “Тоҷикистон”