Бозтоби натиҷаҳои сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мушкилот дар роҳи рушди содироти маҳсулот аз Тоҷикистон, баррасии мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар Русия ва афзоиши бесобиқаи нархи картошка дар бозорҳои кишвар аз ҷумлаи мавзӯҳои матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 12 июл мақолае бо номи “Эътиқоди динӣ. Аз ҳақиқат то сӯистифодаю зоҳирпарастӣ” чоп карда, менависад, ки яке аз сабабҳои шикасти давлати миллии тоҷикон – Сомониён ва зиёда аз ҳазор сол дар зери итоати бегонаҳо азият кашидани мардуми тоҷик, фирефта шудан ва ба фатвои рӯҳониёни беҳуввият гӯш додан буд. Ба гуфтаи муаллиф, ин воқеият дар китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров бо такя ба сарчашмаи муътамад дарҷ шудааст.
Муаллиф дар идома таъкид мекунад, ки пас аз гузашти даҳ аср, яъне интиҳои қарни ХХ, зери ниқоби дин роҳбарону пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба Тоҷикистони тозаистиқлол ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карданд, ки боиси хисороти молию ҷонӣ ва маънавии гӯшношуниде гашт.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 13 июл мақолае чоп карда, масъалаи рушди содирот аз Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Муаллиф бо такя ба таҳлили коршиносон навиштааст, ки норасоии марказҳои муосири логистикӣ, дарёфти бозори фурӯш, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани сифати маҳсулот, таваҷҷуҳи нокифоя ба низоми маркетингу менеҷмент, қарзҳои баландфоиз аз монеаҳои пешрафти содирот мебошанд.
Дар идома таъкид мешавад, ки дараҷаи пасти ҷалби бахши хусусӣ ва интизориҳои зиёд аз сармоягузории хориҷӣ, сатҳи рақобатнопазирии маҳсулоти содиротӣ, номукаммалии ҳуҷҷатгузориҳои электронӣ, дониши нокофии молиявию иқтисодии содироткунандагони миллӣ, набудани заминаи кофии моддию техникӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, талафоти зиёди ҳосили ҷамъоваришуда ва ноқисии зерсохтҳои интиқол, дар маҷмӯъ, ба рушди содиротии кишвар таъсири манфӣ мегузоранд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 10 июл мақолае бо номи “Нӯшокии қувватдиҳанда ва оқибати истеъмоли он” чоп карда, масъалаи таъсири манфии нӯшокиҳои нерӯдиҳанда ё худ энергетикҳоро баррасӣ кардааст.
Муҳаммадҷон Шарифов мудири шуъбаи «Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар ин бора чунин гуфт: «Нӯшокиҳои энергетикӣ метавонанд ба бехобӣ, асабоният, дарди шикам, номунтазамии тапиши дил оварда расонад. Истифодаи мунтазами миқдори зиёди кофеин боиси инкишофи нашъамандӣ — кофеинизм мегардад. Аз ин рӯ, меъёри истифодаи онро бояд риоя намуд».
Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Шарифов, инчунин, нӯшидани нӯшокиҳои қувватдиҳанда ба занони ҳомиладор, шахсони аз 18-23 — сола поён, аз ҷумла кӯдакони аз 16 — сола поён, ашхоси гирифтори бемориҳои фишорбаландиву дил, асаб, меъда ва амсоли инҳо қатъиян манъ аст.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки дар умум табибон истеъмоли ин навъи нӯшокиҳоро зараровар медонанд, зеро нӯшокиҳои қувватдиҳанда дар таркибашон глюкоза, кофеин, теобромин, таурин ва дигар моддаҳои ба системаи асаби инсон таъсиррасонанда доранд.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумоари хеш хабар додааст, ки Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро, ки аз бузургтарин китобҳои тиббии Саид Исмоили Ҷурҷонӣ ба шумор меравад, пурра аз хати форсӣ ба кириллӣ баргардон кард.
Бояд гуфт, ки «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро мутахассисони соҳа дар таърихи илми тоҷикон нахустин ва барҷастатарину муфассалтарин асари энсиклопедии тиббие муаррифӣ мекунанд, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ таълиф гардидааст. Дар он номи бемориҳо, тарзи муолиҷаи онҳо, доруҳо, растаниҳои тиббӣ ва хӯрокӣ, меваҳо ва амсоли инҳо возеҳ нишон дода шудааст. Ҷурҷонӣ ин асарро, ки аз 65 ҷузъ, 78 мақола ва 1197 боб иборат буда, 10 китобро фаро мегирад, солҳои 1113-1115 дар Хоразм навиштааст.
Ба гуфтаи Раҳматкарими Давлат раҳбари Маркази мероси хаттии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, китоби “Захираи Хоразмшоҳӣ» ба сабаби муфассалу ҷомеъ будани мавзӯъҳои гуногуни тиббӣ, луғоту таркибот ва истилоҳоти зиёде, ки дар он ба кор рафтааст, яке аз сарчашмаҳои муҳим дар тибб, дорусозӣ, истилоҳоти тиббӣ ва забоншиносӣ аст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 12 июл мақолае бо номи “Вақте “нони дуюм” дандон мешиканад” чоп карда, аз афзоиши нархи картошка дар бозорҳои кишвар интиқод кардааст. Ба навишати муаллиф, айни замон дар бозор нархи 1 кг картошка аз 8 сомонӣ боло аст, дар ҳоле ки соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз картошка 4 сомонӣ қиммат дошт.
Аз сӯи дигар муаллиф бо таҳлили маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон навиштааст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 97 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст. Аммо дар нимсолаи соли гузашта ҳосили картошка дар Тоҷикистон беш аз 142 ҳазор тонна буд, яъне ҳосилнокии картошка коҳиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи таҳлилҳо талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба картошка беш аз 1 млн. тоннаро ташкил медиҳад ва эҳтимол дар зимистону баҳори пешистода нархи ба истиллоҳ “нони дуюм” дандоншикан хоҳад шуд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар як матлаби дигар аз вазъи ногувори пули мошингард болои дарёи Ёхсу дар шоҳроҳи Душанбе-Восеъ-Кӯлоб изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф ба нақл аз сокинони маҳалаӣ навиштааст, ин пул, ки шаҳри Ҳулбукро ба Кӯлоб мепайванданд, рӯз ба рӯз валангор мешавад.
Ба таъкиди муаллиф, илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ, зеро пули мазкур ба таъмири асосӣ ниёз дошта, ниҳодҳои зиддахл бояд ҳарҷи зудтар дар ин замина чораандешӣ кунанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 13 июл мақолаи таҳлилие таҳти унвони “Ба маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ кӣ сӯйиқасд мекунад?” нашр кардааст. Матлаби мазкур атрофи суханони сиёсатмадори рус Сергей Миронов баҳс мекунад, ки ахиран пешниҳод кард, то маоши муҳоҷирони меҳнатӣ баланд бардошта шуда, ҳамзамон аз маблағҳои интиқолии онҳо андоз ситонида шавад.
Муаллиф таъкид кардааст, ки амалишавии ин пешниҳодоти Миронов ғайривоқеӣ ба назар мерасад, зеро корфармоёни рус ҳеҷ гоҳ барои боло бурдани музди меҳнати муҳоҷирон розӣ намешаванд. Зеро қисмати зиёди муҳоҷирон дар бахши хусусии Русия кору фаъолият доранд ва давлат наметавонад онҳоро барои афзоиши маоши коргарон маҷбур кунад.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи муаллиф, корфармоёни рус ин ҳам аз музди меҳнати муҳоҷирони корӣ ба буҷаи Русия андоз месупоранд. Бар иловаи он ки худи муҳоҷирон ҳар моҳ маблағи иҷозатномаи фаъолити корӣ ё худ патентро пардохт мекунанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”