Ғофил мабош

Бинобар сабаби гармии ҳаво талабот ба оббозӣ меафзояд. Албатта оббозӣ барои тозагии инсон ва фаъолияти рӯҳию ҷисмонӣ муҳим аст, вале бояд фаромӯш насохт, ки муносибати нодуруст бо об фалокатовар низ хоҳад буд. Ҳар сол дар мавсими оббозӣ чандин нафар ҷони худро аз даст дода, пайвандону наздиконашонро мубталои ғаму андӯҳ месозанд.

То ба 10 июли соли равон дар ҳудуди шаҳри Левакант 5 нафар дар натиҷаи ҳодисаи ғарқшавӣ ба ҳалокат расидаанд, ки аз ин шумора 4 нафарашон наврас мебошанд.   

Илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ

Манучеҳр Холиқов, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант аслан сабабҳои ғарқшавиро дар каммасъулиятии бархе аз волидайн медонад.

Ба андешаи ӯ риояи нодурусти қоидаҳои оббозӣ ё надоштани ҳунари оббозӣ боиси сар задани чунин ҳодисаҳои нохӯш мегардад. – Барои оббозӣ бояд бадани мо мутобиқ бошад. Дар ҳолати яку якбора ба оби хунук даромадан бадан аксуламал нишон дода, рагҳои бадан карахт шуда, дигар худро идора кардан мушкил мешавад.

Дар ҷойи муайяншуда бояд оббозӣ кард. Аз ҷумла дар ҳавзҳое, ки обашон аз қади мо паст аст.

Падару модарон бояд фарзандонро беназорат нагузоранд. Баъзан волидайнро мебинем, ки фарзандони худро ба оббозӣ бурда, дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ мекунанд, ба умеди он ки гӯё муҳофизат карда метавониста бошанд, аммо ин бисёр хатарнок аст.

Барои ҳар нафар ҳунари оббозӣ хеле муҳим аст, аммо иҷрои ин амал албатта дар ҷойҳои муайяншуда бо риояи қоидаҳои дурусти оббозӣ бояд сурат бигирад.

Аз ин хотир, ба ҳар нафар тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои шиновариро ҷиддан риоя намояд.   

Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо пайваста миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳем ва дар чанде аз мавзеъҳои хатарнок низ аломатҳои манъи оббозӣ насб кардаем. Бо мақсади саривақт огоҳонидани аҳолӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ Ситод ташкил карда шуда, миёни сокинони шаҳр пайваста корбарӣ идома дорад, – мегӯяд Манучеҳр Холиқов сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант.

Шикоят аз камбуди ҳавзҳои шиноварӣ

Ба андешаи Аҳмади Раҳим, хабарнигори нашрияи Пайк яке аз сабабҳои ғарқшавии сокинон, хусусан кӯдакону наврасон дар кӯлу дарёҳои ҳудуди кишвар ин камбуди ҳавзҳои шиноварӣ низ аст. – Барои мисол шаҳри Бохтар, ки зиёда аз сад ҳазор аҳолӣ дорад, дар он шумори ҳавзҳои шиноварӣ хеле кам мебошанд ва талаботи сокинонро қонеъ карда наметавонанд. Дар ҳавзҳои шиноварӣ барои як соати оббозӣ 10 сомонӣ бояд пардохт кард, ки на ҳар падару модар имкон дорад ҳар рӯз барои оббозии фарзандаш 10 сомонӣ диҳад. Дар ин ҳолат кӯдакон пинҳонӣ аз волидайн рафта, дар ҷойҳое, ки шиноварӣ манъ аст, оббозӣ мекунанд, – мегӯяд  Аҳмади Раҳим.  Ба андешаи ин мусоҳиби мо ташкили бештари ҳавзҳои шоноварӣ хеле муҳим аст. Ба ин хотир сари ин масъала бояд масъулони мақомоти ваколатдор ва соҳибкорони маҳал камтаваҷҷуҳ набошанд.

Таъкиди наҷотдиҳанда

Ба таъкиди масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳар нафаре агар оббозӣ карда наметавонад, кӯшиши ба дарё даромадан накунад. Фаромӯш бояд насохт, ки фурсати ғаркшавӣ хеле кӯтоҳ аст. Шоир низ дар ин маврид гуфтааст:

Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё манеҳ…

Агар бо аҳли оила ба соҳил меравед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред. Агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ шудеду оббозӣ карда наметавонед, барои наҷот додан кӯшиш накунед, балки дигаронро ба ёрӣ даъват намоед.

Оббозӣ дар ҷойҳои барои шиноварӣ номусоид, надонистани шиноварӣ ва бетаваҷҷӯҳии волидон аз сабабҳои аслии ғарқшавии кӯдакону наврасон (ва дигар сокинон) дар кӯлу дарёҳо ҳисобида мешавад. Аслан оббозӣ дар дарёҳо хатарнок буда, шиноварӣ дар онҳо тавсия дода намешавад. Танҳо маконҳои муайяне ҳастанд, ки он ҷо оббозӣ кардан мумкин аст. Лекин баъзе аз сокинон ҳушдору огоҳиҳои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар мақомотҳои алоқамандро нодида мегиранд, ки дар натиҷа чунин ҳодисаҳои нохуш сар мезананд.

М. Акрамов,

радиои “Тоҷикистон”