Рӯзҳои 27-30 июл дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон – Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа миёни наврасон 86-варзишгар аз 4-кишвар ва миёни ҷавонон 97-варзишгар аз 3-кишвари Осиё иштирок хоҳанд кард.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон миёни наврасон 33-варзишгар ва миёни ҷавонон 49-варзишгарро ба Тошкент сафарбар мекунад.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз рӯи 16-вазн миёни наврасон (8-вазн – писарон, 8-вазн – духтарон) ва 14-вазн миёни ҷавонон (7-вазн – писарон, 7-вазн – духтарон) сурат мегирад.