Вақти баргузоршавии бозиҳои «CAFA Futsal Cup-2023» тасдиқ гардид

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вақти баргузоршавии бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023»-ро муайян кард. Ин мусобиқа аз 23-юм то 28-уми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби 6-кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.

Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15-бозӣ доир шуда, аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари имтиёзҳо муайян карда мешавад.