12 июл соати 08:00 бо вақти Нью-Йорк, ИМА ( соати 17:00 бо вақти Душанбе, Тоҷикистон) дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд -2023 (Hi Level Political forum) таҳти сарпарастии ECOSOC ООН (Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ) ҳамоиш-конфронси видеоӣ оид ба муаррифӣ ва муҳокимаи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Дар ин бора сомонаи Вазорати нақлиёт хабар дода, тавзеҳ медиҳад, ки намоишро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳусни оғоз бахшида, ба Муовини Дабири Кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба кишварҳои сусттараққикарда, кишварҳои рӯ ба тараққии баҳр ва кишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ (UNOHRLLS) хонум Рабаб Фотима ва раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид хонум Лачезара Стоева сипосгузории самимии худро барои мусоидат ба баргузории ин ҳамоиш баён дошт ва иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт.
Сипас, Азим Иброҳим ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар Душанбе эълон намуд, ки нисбат ба он розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зарурати таъсиси ин марказ сухан гуфтааст.
Нишасти мазкур бо иштироки намояндангони кишварҳои минтақа, корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар СММ ва муқими Нью-Йорк (ИМА), инчунин дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ доир гардидааст.
Дар ҳамоиш муовини Дабири Кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба кишварҳои сусттараққикарда, кишварҳои рӯ ба тараққии баҳр ва кишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ (UNOHRLLS) хонум Рабаб Фотима бо муроҷиати видеоӣ ширкат варзида, аз ташаббуси ҶТ ҷонибдорӣ ва онро саривақтӣ арзёбӣ намудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар панели мазкури Форуми сиёсии сатҳи баланд инчунин Дабири Кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматӣ (TRACECA), Котиби масъули Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ низ суханронӣ намуда аз ташаббуси Тоҷикистон чиҳати таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ пазироӣ намуданд.
Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба “Рушди захираҳои инсонӣ – унсури муҳими СММ 2030”, “Рӯзномаи рушди устувор” ва Барномаи амали Вена, муносибати нави интегралӣ, ташкили таълими касбӣ дар соҳаҳои марбут ба нақлиёт низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Иштирокчиёни дигари ҳамоиш низ ба сухан баромада, назару пешниҳодоти худро баён доштанд ва таъсисёбии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётиро дар шаҳри Душанбе дастгирӣ намуданд.