Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои кишвар чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Корвони “Модарони ваҳдатсаро” ба роҳ монда шуда, ташрифи занону бонувон ба минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
10 июл занону бонувон аз саросари ҷумҳурӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Меҳмононро дар ноҳияи Айнӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ истиқбол гирифтанд.
дар ноҳияи Айнӣ ба кори худ оғоз бахшид, ки дар он бонувони фаъол аз минтақаҳои Рашту Хатлон, Бадахшон, шаҳри Душанбе ва фаъолзанони ноҳия дар он ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қайюм меҳмононро, ки аз минтақаҳои Рашту Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе омадаанд, хайрамақдам гуфта, дар бораи дастовардҳои ноҳия, ташрифи навбатии Пешвои миллат ба Ҷамоати деҳоти Урметан ва мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти маданиву маишӣ маълумот дод.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода андешаҳои худро перомуни таваҷҷуҳу ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувони тоҷик баён карданд ва шукри Ваҳдат, Истиқлолият, ободиву осоиштагии Ватан намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки чорабинии Корвони “Модарони ваҳдатсаро” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми чаҳор рӯз идома хоҳад ёфт.