Муаллими тоҷик ба унвони «Беҳтарин омӯзгори ИДМ-2023» сазовор шуд

Омӯзгори тоҷик, директори «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» Асҳобиддини Шералӣ сазовори унвони «Беҳтарин омӯзгори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023» гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, унвони мазкур барои фаъолияти сермаҳсул дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва барои ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси таълимю тарбиявӣ ва меҳнатӣ аз ҷониби Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Федератсияи Русия дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли равон чанд нафар омӯзгорони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда буданд. Аз ҷумла, дар озмуни байналмилалии «Беҳтарин мақолаи илмӣ-2023», ки 5 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, омӯзгорони шаҳри Душанбе ғолиб омада, бо сертификат ва медали сарисинагӣ қадрдонӣ карда шуда буданд.

Ҳамзамон омӯзгори дигари тоҷик, омӯзгори фанни химияи мактаби № 2-и ноҳияи Данғара Назокат Маҳмадиева рӯзҳои 5 -7 июн дар доираи барномаи «Мактабҳои 2030» дар шаҳри Портои Португалия дар Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар доираи 10 давлат иштирок намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Назокат Маҳмадиева дар Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар», ки дар шаҳри Бохтар байни ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои лоиҳавии мамлакат гузаронида шуд, бо лоиҳаи «Хазинаи табиат» ғолибиятро ба даст оварда буд.

Номбурда бо ишғоли ҷойи якум дар ин форум бо мукофоти пулӣ ва диплом қадрдонӣ гардида, роҳхатро барои иштирок дар Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар шаҳри Портои давлати Португалия ба даст овард.