Санаи 11 июли соли 2023 дар дафтари Намояндагии МДБ “Маркази сершуғли муҳоҷират” – и шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Шаҳноза Нодирӣ – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Нуждин Олег Николаевич – муовини якуми директори генералии Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Москва “Маркази сершуғли муҳоҷират” ва иштироки муовинони раисони шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои И. Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур ва Рӯдакӣ доир гардидааст.
Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ хабар дода, тавзеҳ медиҳад, ки зимни мулоқот масъалаҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия марвиди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи талаботи кордиҳандаи хориҷӣ омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар яке аз чорабиниҳои сафарбаркунии муташаккилона буда, ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо шароиту имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, заминаҳои таълимӣ ва раванди омода намудани кадрҳои коргарӣ, ҳайатаи ҷониби Россия аз муассисаҳои давлатии таълимии шаҳри Душанбе, аз ҷумла МДТ “Литсейи касбии техникии сохтмон”, “Литсейи касбии дӯзандагӣ”, “Литсейи касбии политехникӣ” ва МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дидан намуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати фаъолияти самарабахши минбаъда созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии болозикр ва Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Москва “Маркази сершуғли муҳоҷират”-ро ба имзо расониданд.