Баррасии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар мулоқоти муовини вазир бо директори CARICC

12 июли соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (CARICC) Атагелди Язлиев, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кардааст.

Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории тарафайн ва дурнамои рушди онҳоро дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, фаъолияти Марказ, аз ҷумла гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ ва табодули иттилоот мавриди муҳокима қарор доданд.