Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сингапур бозии дӯстона анҷом медиҳад

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сингапур барои баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ин ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапуру Тоҷикистон рӯзи 8-сентябр дар Сингапур баргузор мешавад.

Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳои Сингапур ва Тоҷикистон се бозӣ анҷом додаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (1:0) пирӯз шуда, мунтахаби Сингапур (2:0) – дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 ғолиб гардидааст. Як рақобати дигари дастаҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 мусовӣ (1:1) анҷом ёфтааст.