Рақибони эҳтимолии бошгоҳи «Истиқлол» дар Лигаи Чемпионҳои Осиё кадом дастаҳо мебошанд?

Рӯзи 5-июл Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар минтақаҳои Ғарбу Шарқро эълон намуд. Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии бузургтарини мусобиқаи бошгоҳҳои Осиё рӯзи 24-август дар шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 10-гурӯҳ иборат аз 4-дастаӣ ташкил мегардад. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё аз 6-давр иборат буда, аз 18-уми сентябр оғоз мешавад ва 13-уми декабр хотима меёбад. Бозиҳо дар меҳмонӣ ва дар мизбонӣ сурат мегирад.

Қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, пеш аз қуръакашии мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё дар қатори бошгоҳҳои «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Аҳал» (Туркманистон), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон) ва чемпиони Ироқ, ки баъдтар муайян мегардад, шомили сабади сеюм гардидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки қаҳрамони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо ин бошгоҳҳо бозӣ намекунад.

Бояд қайд намоем, ки тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони 5-гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳаш бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро ишғол мекунад, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24:

Минтақаи Ғарб:

Сабади 1: «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Персеполис» (Эрон), «Ал-Садд» (Қатар), «Пахтакор» (Ӯзбекистон), «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ).

Сабади 2: «Сипоҳон» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Насаф» (Ӯзбекистон), «Ал-Файҳа» (Арабистони Саудӣ), «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон).

Сабади 3: «Ал-Файсалӣ (Урдун), «Истиқлол» (Тоҷикистон), қаҳрамони Ироқ, «Аҳал» (Туркманистон), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон).

Сабади 4: «Ал-Айн» (АМА), ғолиби ҷуфти «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳли» (АМА)/«Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти «Трактор» (Эрон) – «Шарҷа» (АМА)/«Башундара Кингс» (Бангладеш), ғолиби ҷуфти «Ал-Арабӣ» (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон)/«Ал-Сиб» (Уммон).