Баргузории Конференсияи илмӣ-амалии «Имкониятҳои саёҳатии Душанбе: таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ва таъмини устувории онҳо»

Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷихати сайругашти меҳмонон ва сокинони пойтахт ва муайян намудани самти мушахаси сайёҳат тавассути ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои саёҳатии Душанбе: таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ва таъмини устувории онҳо» баргузор гардид.

Дар ин Конференсия намояндагони вазорату идораҳо. роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, осорхонахо, боғу гулгаштҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносони соҳа ва васоити ахбори омма иштирок варзиданд.

Дар оғози Конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Раиси Кумитаи рушди сайёхии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод суханронӣ намуда, доир ба имкониятҳои саёҳатии шаҳри Душанбе, муаррифии онҳо ва ташкили хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ибрози назар карданд. Дар идомаи Конференсия аз ҷониби мутахассисон, муҳаққиқону коршиносон маърӯзаҳои илмӣ хонда шуд.

Дар фарҷоми Конференсияи миёни иштирокчиён муҳокимаҳо сурат гирифта, таклифҳо доир ба таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ва таъмини устувории онҳо дар пойтахти кишвар пешниҳод карда шуд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон