Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо айбдории муассис ва дар як вақт директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди “Ҷамол-2012” Расулов Ҷамолиддин Зиёвуддинович барои савдои одамон, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда бо моддаҳои 1301 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г,е,ё”, 32 қисми 3-1301 қисми 2 бандҳои “а,б,в,е,ё”, 340 қисми 2 бандҳои “б,в“ ва 3352 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуда буд.
Ба иттилои манбаъ, бо ҳукми Коллегияи суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2023 Расулов Ҷ.З. дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои болозикр пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.
Гуфта мешавад, муайян гардид, ки номбурда ба ҳайси директори генералии ҶДММ “Ҷамол-2012” ва муассиси ҷамъиятҳои “Ҷамил Бухорӣ” ва “Мадади шарқ” кор карда, бо мақсади ғараз ба сафарбарнамоии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ бо ваъдаи ба онҳо таъмин кардани кори муносиб ва даромаднок машғул шудааст.
Расулов Ҷ.З. баъзе аз роҳбарони ширкатҳои хориҷиро аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, бо онҳо ҷабрдидагон, алалхусус ҷавонзанони тоҷикро, ки аз рӯи синну сол ва ҳусни зоҳири “интихоб” шудаанд, ба корфармоён интиқол додааст.
Ӯ бо ваъдаҳои баръало бардурӯғ, ки дар шартномаҳои бо шахрвандон ба имзорасонидааш пешбинӣ шудаанд, боварии онҳоро ба даст оварда, шаҳрвандони корталабро ба давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, давоми солҳои 2021-2022 танҳо ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зиёда аз 122 нафар шаҳрвандонро барои кор сафарбар намудааст, ки аксари онҳоро занон ташкил додаанд.
Мутаассифона, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ ва шартномаҳои басташуда кафилон ва корфармоёни хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро аз истифодаи телефони мобилӣ ва алоқа бо хешу таборон, ҳуқуқи озодона гаштугузор кардан, ҳуқуқи муошират, муроҷиат ба консулҳои дипломатии Тоҷикистон, имконияти ивази ҷои будубош, бозгашт ба ватани хеш ва дигар ҳӯқуқҳои фардии шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд.
Прокуратураи генералӣ ба Расулов Ҷ.З. оид ба 22 лаҳзаи чунин ҷиноятҳое, ки дар давоми солҳои 2016 то соли 2022 содир кардааст, айб эълон карда, номбурда бо ҳукми суд ба ҷазои сазовор маҳкум гардид.