Сафир Тоҷикистон дар Корея эътимоднома супорид

27 июни соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салохиддин Киром ба директори кулли ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Вон-сам Сео нусхаи эътимодномаи худро супоридааст.  

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар сӯҳбат ҷонибҳо ба муҳиммияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Корея таъкид намуданд.

Директори кулл сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Корея комёбиҳо таманно намуд.