Ба хотири омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг сохтмони 202 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст.
Дар ин бора рӯзномаи “Хатлон” хабар дода, менависад, ки аз ин шумора то ба имрӯз 20 иншоот, аз ҷумла як қатор иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва саноату коммуникатсия сохта, ба истифода супорида шудааст.
Манбаъ ёдоварӣ кардааст, ки , ки сокинони ноҳияи Ховалинг ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва имкониятҳои соҳибкорони саховатпеша 342 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз қабили муассисаҳои тандурустиву маориф, фарҳангу фароғат, варзиш ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки нисбат ба нақша 12 иншоот зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ховалинг аз буҷети давлат беш аз 460 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.