Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал оғоз шуд ва имсол 6-даста барои медалҳо мубориза мебарад.
Дар ин чемпионат 4-дастаи пойтахт – «Соро компания», «Истиқлол», «Амонатбонк» ва «Пойтахт», инчунин «Истаравшан» ва «Самандар»-и Турсунзода иштирок мекунанд.
Дар марҳилаи аввали чемпионат бозиҳо дар се давра гузаронида мешаванд. Баъдан 4-дастаи беҳтарин ба даври плей-офф роҳ ёфта ҷуфтҳои даври ниманиҳоиро ташкил мекунанд.
Бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ аз силсилаи ду пирӯзии яке аз дастаҳо иборат хоҳанд буд. Ғолибони даври ниманиҳоӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд, дастаҳои мағлубшуда бошад барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Рақобатҳо барои гирифтани ҷойи сеюм аз силсилаи то ду пирӯзӣ ва бозии ниҳоӣ аз силсилаи то се пирӯзии яке аз дастаҳо иборат мебошанд.