Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигорони Радиои “Тоҷикистон”, Телевизиони Тоҷикистон ва ТВ “Сафина” Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”-ро шарҳ дода, аз аҳамияту манфиати ин Фармон ёдовар шуд. Ҳоким Холиқзода, ҳамзамон корҳои анҷомшуда аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар ва омодагии онҳо ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои инфросохтории ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақди дар ояндаро номбар намуд.
Ба андешаи Ҳоким Холиқзода иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. “Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад. Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва қулай мегардонад”- таъкид дошт, Холиқзода.
Раиси Бонки миллӣ бо ишора ба корҳои анҷомдодаи низоми бонкӣ дар ин самт мегӯяд, то ба тасвиб расидани Фармони мазкур аз ҷониби низоми бонкии кишвар як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои татбиқи самараноки он заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ташкилотҳои қарзии молиявӣ якҷо бо вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ имкони пардохт намудани як қатор хизматрасониҳои давлатиро таъмин намудаанд.
Тавре ӯ ёдовар шуд, ба санаи 31 майи соли 2023 аз ҷониби низоми бонкӣ дар маҷмуъ зиёда аз 5,7 млн. кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар 5 моҳи соли ҷорӣ теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 7,7 млн. адад баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 63 фоиз афзоиш ёфт.
Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 4 152 адад POS – терминал ва 19 708 адад QR–рамз ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи POS – терминалҳо ба андозаи 9,2 фоиз ва QR–рамзҳо ба андозаи 34,5 фоиз зиёд мебошанд.
Айни замон, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 17,0 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Бо мақсади рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири молиявии рақамиро, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути POS – терминал ва QR-рамзро татбиқ намуда истодаанд.
Табиист, ки бо тасвиби ин Фармон тақвияти инфросохтории дар низоми бонкӣ пеш меояд. Дар ин замина Ҳоким Холиқзода, мегӯяд: “Таҳлили вазъи низоми бонкӣ нишон медиҳад, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омода ҳастанд қабули пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ ва шабакаи терминалӣ ба роҳ монанд”.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” Таҳти рақами 586, аз 22/06/2023 ба тасвиб расид, ки дар он гуфта мешавад, пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд — хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад.
Ин муқаррарот аз 1-уми августи соли ҷорӣ дар амал татбиқ шуда, Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки мушкилоти техникию ташкилӣ ва меъёриву ҳуқуқиро бартараф карда, корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро ба аҳолӣ муназзам анҷом диҳанд.
Фирдавси Низом
радиои “Тоҷикистон”