Ба муносибати ҷашни 100-солагии Раҷаб Амонови конференсияи илмӣ-назариявӣ доир ба фолклори тоҷик баргузор мешавад

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо барои иштирок дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Вазъи кунунӣ ва дурнамои фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон”, ки ба муносибати ҷашни 100-солагии фолклоршиноси варзидаи тоҷик Раҷаб Амонов дар моҳи августи соли 2023 баргузор мегардад, даъват менамояд.

Ҳадаф аз баргузории конференсия баррасии ҷанбаҳои гуногуни фаъолияту осори академик Раҷаб Амонов (1923-2002), ҳамчунин вазъи имрӯза ва рушди минбаъдаи илми фолклоршиносии тоҷик мебошад.

Дар ҷараёни конференсияи илмӣ мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:  

  • Академик Раҷаб Амонов ва фарҳанги миллӣ;
  • Раҷаб Амонов – нависанда ва адабиётшинос;
  • Вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои фолклоршиносии тоҷик;
  • Хусусиятҳои назарии таҳқиқоти фолклоршиносони тоҷик;
  • Фолклор ҳамчун як бахши мероси фарҳанги ғайримоддӣ.

Дар конференсия иштироки олимони фолклоршинос, фарҳангшиносон, адабиётшиносон, мардумшиносон, устодони донишгоҳҳо ва дигар дӯстдорони адабиёти шифоҳӣ дар назар дошта шудааст.

Забонҳои кори конференсия тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.

Барои иштирок дар конференсия то 1 августи соли 2023 мақола ва шакли электронии фишурдаро ба забони русӣ ба нишонии dilshodr@gmail.com ва vfarhang98@gmail.com фиристед.                                    

Ҳангоми таҳияи мақолаҳо, талаботи зерин риоя карда шаванд: ҳаҷми мақола аз 10-12 саҳифаи компютерӣ зиёд набошад. Мақола бо шрифти Times New Roman TJ, андозаи ҳарф – 14; фосилаи байни сатрҳо – 1,5. Пайнавишти иқтибосҳо дар дохили матн дар дохили қавсҳои росткунҷа [12, с.145] оварда шуда, рӯйхати адабиёт дар охири мақола зикр шаванд.

Дар поёни мақола маълумот дар бораи муаллифон бо нишон додани насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор ва вазифа, инчунин нишонии почтаи электронӣ ва рақамҳои телефон навишта шаванд.

Кумитаи тадорукот ҳақ дорад, мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ ва талаботи конференсия мувофиқат намекунанд, рад кунад.

Оид ба дигар масъалаҳои марбут ба кори конференсия тавассути телефонҳои 233-58-84; 915-88-44-68 маълумот гирифта метавонед.