(Ба ифтихори ифтитоҳи телевизиони таълимии ДМТ)
Басо хушоянд, ки дар арафаи ҷашни пуршукӯҳ – Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовини вазири маориф ва илм Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ва дигар шахсони расмӣ боз як шабакаи муассири иттилоотӣ – телевизиони таълимии ДМТ ифтитоҳ гардид.
Ин туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буда, аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита сарчашма мегирад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ васоити электрони ахбор, хосатан телевизион бесобиқа рушд намуд. Дар амалӣ намудани ҳадафҳои геополитикӣ нақши воситаҳои ахбори омма, махсусан телевизион ниҳоят назаррас аст. Рушди васоити ахбори омма яке аз рукнҳои аслии пешрафт ва тараққиёт дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Нақши телевизион дар худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ боз ҳам муассиру омӯзанда мебошад. Баҳри таҳким бахшидани рукнҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне худшиносию худогоҳӣ, муттаҳидӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу саодат, некуаҳволӣ ва ғайра тавассути телевизион корҳои назаррасро метавон ба сомон расонид.
Дар ин робита, тавассути телевизион арзёбии дурусти ҳодисаҳои сиёсию амниятии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ва таъсири он ба авзои сиёсию мафкуравии кишвар, ояндабинии илмии воқеоти сиёсию иҷтимоӣ, мушаххас намудани роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди гуруҳҳои мухолиф, ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҳуҷумҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳанги бегона дар сатҳи расонаҳо, пешниҳоди назари алтернативӣ дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ аз ҳисоби ғолибони афкор ва тарбия намудани ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус ва дорои дидгоҳи миллӣ тариқи барномаҳои расонаию иттилоотӣ ҳадафи умдаи на танҳо Ҳукумати мамлакат, балки ҳамаи мо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.
Замони муосир даврони боз ҳам масъулиятнок маҳсуб ёфта, тақозо менамояд, ки бо ҳаёт ва фаъолияти ҳар фарди ҷомеа «консепсияи давлатсозӣ» ҳамоҳанг сохта шавад. Дар ин замина, фаъолияти масъулини телевизион баҳри арзёбии воқеъбинонаи ин раванд беш аз пеш муҳим ва зарур мебошад.
Дар ин зимн, саволи матраҳ ин аст, ки чаро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон телевизиони таълимӣ ифтитоҳ гардид? Таъйиноти асосии он чист?
Рисолати телевизиони донишгоҳӣ бо рисолати як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқ буда, дар айни замон, ба рисолати таҳсилоти донишгоҳии умумӣ мувофиқат мекунад.
Телевизиони донишгоҳӣ як навъи махсуси расонаҳои иттиҳодиявӣ ё худ корпоративӣ буда, аудитория ё ба истилоҳ, контенти худро доранд ва метавонад ҳамчун василаи мукаммали иттилоотӣ ҳисобида шаванд.
Тавассути телевизиони донишгоҳӣ симои мусбати муассисаи таҳсилоти олӣ ташаккул меёбад, имиҷи донишгоҳ рушд мекунад, боло меравад ва рақобати солим ба вуҷуд меояд.
Ҳадафи асосии таъсиси телевизиони донишгоҳ инҳоянд:
• таълими амалии донишҷӯёни касби журналистӣ;
• тавсеаи амнияти иттилоотии равандҳои таълимӣ, илмӣ ва таълимӣ;
• ҳамкорӣ бо ВАО-и электронии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ бо мақсади ҷалби онҳо ба татбиқи лоиҳаҳои барои донишҷӯён ва омӯзгорон аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳаммиятдошта;
• амалӣ намудани ташаббусҳои эҷодии донишҷӯён ва кормандон, ки ба болоравии нуфузи донишгоҳ мусоидат мекунанд;
• инъикоси ҳаёти донишгоҳ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон;
• ҷалби донишҷӯён ба инъикоси набзи донишгоҳ ва ҳудуди ҷойгиршавии он.
Ба зимми ин, ба таҳқиқи олимони соҳа, телевизиони донишгоҳӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
ба донишҷӯён технологияи тайёр кардани барномаҳои телевизиониро меомӯзонад;
филмҳо ва дигар маҳсулоти видеоӣ, ки барои довталабон, донишҷӯён, кормандон ва дигар алоқамандон боиси таваҷҷуҳ аст, меофарад ва паҳн менамояд;
филмҳои таълимӣ, роҳнамоии касбӣ, презентатсияҳо ва роликҳои рекламавӣ таҳия менамояд;
бо дигар муассисаҳои олии касбӣ, ки ба тайёр кардани кадрҳои журналистӣ иртибот доранд, фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Таърихи рушди телевизиони донишгоҳӣ шаҳодат медиҳад, ки ин навъи васоити ахбор ба равандҳои марбут ба рушди воситаҳои ахбори омма мувофиқат мекунад. Моҳияти телевизиони донишгоҳӣ дар робитаи зич бо рушди технологии телевизиони ватанӣ ва пояҳои журналистикаи телевизионӣ ташаккул меёбад. Бояд кайд кард, ки телевизиони донишгоҳ дар таърихи инкишофи телевизион аҳаммияти барҷаста дорад.
Телевизиони таълимӣ ба кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика марбут мебошад. Устодони соҳибмактаб, академикон Саидмуҳаммад Одинаев, Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио, профессор Нуриддин Саид ва устодону кормандони факултет, профессорон Асадулло Саъдуллоев (равонашон шод бод), Аъзамҷон Азимов, Мурод Муродӣ, Муҳаммадӣ Муқимов, Абдулмуъмин Қутбиддинов, Зулфиддин Муъминҷонов, Мушаррафа Ҷӯраева, Моҳира Мирзоева, Қутбиддин Мухторӣ, дотсентон Сангин Гулов, Саъдулло Ҳайдаров, Абдурашид Ализода, Маҳмудхон Шоҳиён, Илҳомҷон Ҳамидиён, Зафар Эшматов, Моҳира Сафарзода, Муслима Маннонова, Нигина Сироҷова ва дигарон барои бунёд ва фаъол шудани ин маркази бузурги назариявию амалӣ мунтазам кӯмак ва машваратҳои назаррас расонидаанд.
Телевизиони таълимӣ, қабл аз ҳама, воҳиди таълимиест, ки дар омодасозии касбии кадрҳо дар доираи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ дар ихтисосҳои журналистика ва реклама ва робита бо ҷомеа саҳми муассир дорад. Дар телевизиони таълимӣ як қисми машғулиятҳои амалӣ мувофиқи ҷадвали таълимӣ гузаронда мешаванд. Фаъол шудани телевизиони таълимии ДМТ имкон медиҳад, ки модулҳои нави зарурии таълимӣ дар асоси меъёрҳои муосири ба амалия нигаронидашуда ҷорӣ шаванд.
Телевизиони донишгоҳ имкони иштироки амалии донишҷӯёнро на танҳо дар эҷоди як маҳсулоти мушаххас, балки дар ҷойгузинии он дар платформаҳои гуногуни мухобиротӣ, эҷоди матнҳои журналистӣ ва имкони муоширати интерактивӣ бо аудитория фароҳам меорад.
Муҳимтарин вазифаи мо – устодони соҳа аз он иборат аст, ки барои ташаккули малакаи кории шогирдонамон дар шароити пешрафти журналистикаи конвергентӣ ё мултимедиявӣ омода бошем.
Корфармо имрӯз аз хатмкардаҳои ихтисосҳои журналистӣ талаботи зиёд дорад. Ба ин талаботи бозори меҳнат омода кардани хатмкунандаҳо аз афзалиятҳои муҳим ва масъулияти устодони факултет ва кафедраҳои журналистӣ дониста мешавад.
Телевизиони донишгоҳи мо бояд фарогирии ҳадди аксари аудитория бошад ва ҷараёни фаврии таҳвили иттилоотро таъмин намояд. Ҳадафи донишгоҳ аз таъсиси ин телевизион ба даст овардани манфиати пулию молӣ нест. Роҳбарияти ДМТ мехоҳад технологияи коркард ва ҷамъоварию пахш намудани иттилоот дар телевизиони донишгоҳиро мушаххас ба шогирдон омӯзад ва онҳо дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешсаф ва омода бошанд.
Ба фаъолияти телевизион ва таҳияи барномаҳои ҷолиб ва видео-дарсҳо устодон ва донишҷӯёни факултаҳои дигари донишгоҳ ҳатман бояд ҷалб карда шаванд. Таъсиси телевизиони таълимии ДМТ сарбории иловагии факултети журналистика нест. Обод шудани ин боргоҳ заҳмати коллективиро талаб мекунад. Тавассути ин васоити муассиси иттилоотӣ ҷиҳати муаррифии дастоварду таҷрибаҳои беҳтарини донишгоҳ, устодон ва донишҷӯёни намунавӣ, ихтироъкорию музаффариятҳои илмию варзишии ҳайати устодону кормандон тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.
Фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва пайванд намудани назария ба амалия дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва махсусан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ягона муассисаи мақоми миллидошта маҳсуб меёбад, аз афзалиятҳои Ҳукумати кишвар дар соҳаи илму маориф аст.
Бо такя ба маълумоти нашркардаи декани факултети журналистика, доктори илмҳои филологӣ Абдулмуъмин Қутбиддинов иброз медорем, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хатмкардаи ин махзани илму маърифат буданашон ифтихор мекунанд ва дар ин маврид низ борҳо ишора карда буданд. Роҳбари давлат то имрӯз 15 маротиба ба Донишгоҳ ташриф оварда, ба шарофати қадами муборакашон навгониҳои зиёд ва ободкориҳои беназир сурат гирифтаанд. Осорхонаи Пешвои миллати донишгоҳ, ки таҷассумгари ҳаёти донишҷӯии Президенти маҳбуби кишвар аст, бо ҷанбаи тарбиявӣ диққати ҳар як сокини кишвар ва меҳмонони хориҷиро ҷалб мекунад.
Соли 2022 Маркази таҳқиқотии Пешвои миллат таъсис ёфта, ки дар самтҳои зиёд таҷрибаи сулҳсозӣ ва давлатдорӣ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.
Айни ҳол донишгоҳ дорои 19 факултет, 125 кафедра ва 124 ихтисос буда, дар он 1334 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки 12 нафари онҳо академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 13 нафар узви вобаста, 192 нафар доктори илм, профессор ва 650 нафар номзади илм, дотсент мебошанд. Дар Тоҷикистон оилае, ки бо назардошти таҳсил иртиботе ба Донишгоҳи миллӣ надошта бошад.
Донишгоҳи миллӣ базаи бузурги илмӣ буда, дар маҷмуъ 22 шурои диссертатсионӣ амал менамояд. Ҳамасола аз ҷониби устодону муҳаққиқони зиёда аз 4500 асарҳои илмиву таълимиву методӣ ба нашр расонида мешавад.
Зиёда аз 40 фоизи дастовардҳои илми ҷумҳурӣ ба Донишгоҳи миллӣ марбут аст. Донишгоҳ соҳиби Институти илмию тадқиқотӣ, китобхонаи илмию электронӣ, донишкадаи такмили ихтисос, Донишкадаи Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, синфхонаҳои лингофониву компютерӣ, 10 маркази хизматрасонии таълимӣ мебошад. Фонди китобхонаи муассиса зиёда аз як миллион нусха аст.
Нашрияи “Ба қуллаҳои дониш” аз соли 1956 то имрӯз бетаваққуф нашр гардида, бо хосияти оммавии худ (10 ҳазор нусха) оинаи ҳаёти алоқамандони донишгоҳ аст. Фаъолияти Маркази иттилоотиву таҳлилӣ ва нашри матолиби устодону шогирдон домани густруда пайдо намудааст.
Соли сипаришуда бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 39 нафар устодони донишгоҳ соҳиби манзили истиқоматӣ гардида, соли ҷорӣ низ 39 нафар устодону кормандони дигар соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд.
Рӯзҳои наздик бузургтарин маҷмааи варзишӣ дар донишгоҳ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дорои беҳтарин шароит мебошад. Ангораи бинои марказӣ ва маркази табобатии донишгоҳ омода гардида, ояндаи наздиктарин дар Шаҳраки донишҷӯён қомат хоҳад афрохт.
Соли 2022 радиои Донишгоҳи миллӣ бо мавҷи хос ба фаъолият оғоз намуда, ҳамарӯза як соат барнома пахш мекунад.
Бешубҳа, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нерӯи бузурги маънавию зеҳнӣ дар пешрафти ҳамаҷонибаи ҳаёти ҷумҳурӣ ҳамеша ҳиссагузор аст.
Факултаи журналистика зодаи Истиқлол аст. Факултет манбаи асосии тайёр кардани кадрҳо барои ВАО-и Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Имрӯз аксар роҳбарону кормандони эҷодии ВАО дастпарварони ин боргоҳ мебошанд. Ҳамин аст, ки тайи солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва донишгоҳ ба рушди ҳамаҷонибаи факултет бештар гашта, бо ибтикори роҳбарияти факултет тадбирҳои муҳим мунтазам амалӣ мегарданд.
Ифтитоҳи синфхонаи профессор Баҳриддин Камолиддинов, Маркази публитсистикаи тоҷик ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев, муҳаҷҷаҳ намудани синфхонаҳои компютерӣ бо техникаи муосир, фаъол гаштани радиои ДМТ дар пояи факултет, нашри мунтазами маҷмуаи конфронсҳо ва мақолаҳои устодон дар шакли китоби алоҳида, дар ояндаи наздик интишор гардидани маҷаллаи илмии “Журналист” ва нашрияи “Қалам” аз камтарин ибтикороти садорати факултет бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ аст.
Изҳори умед мекунем, ки ба фаъолият шуруъ кардани телевизиони Донишгоҳ барои ғанӣ сохтани фазои иттилоотии мамлакат муосидат намуда, мактаби амалии рӯзноманигорони оянда мегардад.
Бо истифода фурсат, бори дигар, сипоси ҳайати бисёрҳазорнафараи устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва махсусан факултаи журналистикаро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагиашон ба соҳаи илму маориф ва махсусан муассисаи мо баён менамоям.
20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карда буданд. Зимни суханронии худ Президенти маҳбуби кишвар зикр намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои пур кардани фазои иттилоотӣ, бо иттилоъ ва фароғат ғанӣ гардонидани мардум шабакаҳои нави давлатии телевизион ва радиоро таъсис дод. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, рӯзноманигорон бо омода кардани барномаҳои ҳадафрас якҷо бо аҳли ҷомеа метавонанд дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, бегонапарастӣ ва хурофоти баъзе гуруҳу ашхоси ноогоҳ, дар замири насли имрӯза ҷой додани ҳисси баланди ватандорию ватанхоҳӣ саҳми арзанда гузоранд.
Бо итминон метавон гуфт, ки садорати факултаи журналистика ва дигар факултаҳои марбутаи ДМТ зимни таҳияи барномаҳои таълимӣ ин ва дигар супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, намоишҳоро бо назардошти манфиати давлату миллат, бо забони адабии тоҷикӣ ва сатҳи баланди касбӣ таҳия мекунанд.
Ифтитоҳи телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ба устодону шогирдони азиз муборак бошад.
Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода,
н.и.филол., дотсенти кафедраи телевизион ва
радиошунавонии факултаи журналистикаи ДМТ