15 июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода бо роҳбари гурӯҳи институтҳои штати Панҷоби Ҳиндустон ҷаноби Найн Канг Канвал баргузор гардидааст.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, Лутфия Абдухолиқзода иброз кардааст, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар соҳаи маориф дар сатҳи хуб қарор дошта, рӯз то рӯз дар ҳоли тақвиятёбист.
Ба иттилои манбаъ, Найн Канг Канвал гуфтааст, ки мақсади вохӯрӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баррасии масъалаи таъсиси модели нави таълимӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи институтҳои штати Панҷоби Ҳиндустон дар ҳамоҳангӣ бо вазорат мебошад.