Соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳое мебошад, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақш дошта, бозори истеъмолии мамлакатро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин менамояд. Дар шароити феълӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба норасоии ғизоӣ рў ба рў аст, истифодаи босамари замин аз рисолати аслии ҳар як кишоварз ба ҳисоб меравад. Маҳз бо дарки ҳамин маънӣ имрўзҳо деҳқонону кишоварзон дар талоши онанд, ки аз замин якчанд ҳосил рўёнида, онро вориди бозори истеъмолӣ намоянд.
Ташкили гармхонаҳо яке аз усулҳои хуб ва сердаромад барои деҳқонон ва ҳар як оила маҳсуб меёбад, зеро гармхона дар мавсиме, ки маҳсулотро омода месозад, дар он айём на ҳама имкони истеҳсоли онро дорад. Турсунбой Аҳмадов, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегўяд, ки ҳосили маҳсулоти гармхона назар ба заминҳои корами обӣ бештар аст.
Бо мақсади ба танзим даровардани нархи маҳсулот ва дастрасии шаҳрвандон дар дилхоҳ фасли сол бо сабзавот дар кишвар бунёди гармхонаҳо дар кишвар майли афзудан дорад. Имрўз кишоварзони мамлакат аз ду навъи гармхона-гармхонаи доимиамалкунанда ва мавсимӣ истифода мекунанд. Сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров мегўяд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар сол то сол теъдоди гармхонаҳо зиёд шуда истодааст.
Дар гармхонаҳои замонавии ҷумҳурӣ ки аз ҷониби хоҷагидорон ва соҳибкорон сохта мешаванд, аслан сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла навъҳои серҳосили помидору бодиринг бо усулҳои муосир парвариш карда мешавад. Қамариддин Насриддинов, номзади илмҳои кишоварзӣ, ки худ масъули ду гармхона ҳаст мегўяд, ки чун дар гармхона барои парвариши сабзавот шароити мусоид мавҷуд аст, ҳосилнокӣ нисбат ба кишти маъмулӣ яку ним ду баробар аст.
Бунёди гармхонаҳо ба сокинони деҳот имконият медиҳад, ки онҳо бо ҷойи нави корӣ таъмин гарданд ва ҳамзамон истеҳсоли сабзавоти тару тоза дар фасли тирамоҳу зимистон дучанд шаванд. Сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров мегўяд, ки дар сурати бунёд намудани гармхонаҳо дар заминҳои наздиҳавлигӣ маҳсулот ҳам зиёд мегардаду ҳам дар давраи тирамоҳу зимистон нарх ба танзим медарояд.
Воқеан ҳам амалигардии барномаҳои соҳавӣ барои рушди соҳа мусоидат мекунад ва дар ин баробар бунёди гармхонаҳо ба сокинони деҳот имконият медиҳад, ки онҳо бо ҷойи нави корӣ таъмин гарданд. Аз тарафи дигар истеҳсоли сабзавоти тару тоза дар фасли тирамоҳу зимистон, боиси ба танзим даромадани нархи маҳсулот мешаванд.
Дар ин самт ба деҳқонони асил барору мувафаққият таманно дорем.
Муродулло Раҳимов
радиои “Тоҷикистон”