Рӯзи 11-уми июн дар шаҳри Тошканд бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар гурӯҳи «А» баргузор шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози мусобиқот бо тими миллии Туркманистон рақобат намуд. Вохурии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 57-уми рақобат Мурат Аннаев боз кард. Се дақиқа қабл аз анҷоми вақти асосии вохӯрӣ Нуриддин Ҳамроқулов, пас аз зарбаи ҷаримавии Эҳсони Панҷшанбе тавонист тӯбро ба дарвозаи рақиб ворид намояд.
Дар бозии дигари даври аввал мизбони гурӯҳ тими миллии Ӯзбекистон ба дарвозаи тими Уммон се голи беҷавоб зад.
Бозиҳои дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар гурӯҳи «А» рӯзи чоршанбеи 14-уми июн баргузор мешаванд. Дар ин рӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Уммон бозӣ мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор мешавад. Дар бозии дигар дар варзишгоҳи «Бунёдкор» вохӯрӣ миёни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад.