Идеологияи ҷаҳони муосир ба марҳилаи нав – роҳандозии ҷангҳои равониву набардҳои иттилоотӣ ворид мегардад. Дар ин муборизаҳо расонаҳои электронии ахбор ва шабакаҳои иҷтимоӣ пештоз мебошанд. Онҳо ба василаи манбаи ахбор ва густаришдиҳандаи иттилоот фаъолият менамоянд. Тарғиби идеология дар мабнои матолиби чунин расонаҳо қарор мегирад ва беҳуда нест, ки вақтҳои охир сомонаҳои интернетии Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») бо пахши ахбори ғаразноку ғайривоқеӣ кўшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу восита симои давлату ҳукумати Тоҷикистонро ба таври манфӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд, суботи ҷомеа ва ваҳдати умумимиллиро нодида гиранд, дастовардҳои умдаи замони истиқлолро хати бутлон кашида ба ин васила ба афкори гурўҳе аз ҷавонон ва қишри осебпазири ҷомеа таъсири равонӣ расонанд.
Дар пасманзари ин тавтеаҳо, буҳтонҳо, ғаразу кирдорҳои ноҷавонмардона ташкилоти мамнуъи террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ, Паймони бо ном «миллӣ»- и Тоҷикистон, гурўҳи 24 қарор дорад. Роҳбарони ин ҳизбу созмонҳои дар Тоҷикистон мамнўъ дастури кори худро аз хоҷагони хориҷии худ дарёфт намуда, мутобиқи нақшаи тарҳрезишудаи ҳадафнок амалӣ менамоянд. Онҳо бо таблиғи ақидаҳои ифротӣ, динӣ, экстремистӣ ва таҳрифи воқеият қасд доранд бори дигар Тоҷикистонро ба хоку хун кашанд, суботу ваҳдати миллиро аз миён бардоранд, мамлакатро ба макони манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрати манфиатҷўй ва хоҷагони хориҷии худ табдил диҳанд.
Ташкилоти мамнуъи террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, думравони онҳо ва неруҳои фурсатталаб мехоҳанд ҳатто аз бемории ҳамагири коронавирус ба нафъи худ истифода ва роҳбарияти Тоҷикистонро ба пинҳонкорӣ ва зикри маълумоти носаҳеҳ дар бораи гирифторони ин вабои аср ва шумораи фавтидагон муттаҳам намоянд. Шояд онҳо ин корро «амали солеҳу манфиатовар» ҳисобанд, бехабар аз он ки бо ин роҳ ба обрўйи байналмилалии давлату миллат латма мезананд, нотавонбинӣ ва зишттинативу сиёҳкории худро пеши чашми ҷаҳониён ҷилва медиҳанд.
Ҳамаи ин ҳодисаҳо дар пеши назари мо рўй медиҳанд, мо аз тариқи ВАО- и электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди воқеии онҳо мегардем. Тавре ҳамарўза иттилоъ пайдо менамоем, вақтҳои охир бо ташвиқи ВАО- и хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар мафкураи гурўҳе аз қишри ҷавонони осебпазири тоҷик бадбинӣ нисбат ба роҳбарияти Тоҷикистон, гаравиш ба ҳаракату созмонҳои ғайрисуннатӣ, тундрав, бегона ва экстремистӣ, парастиши фарҳанги бегона, рў овардан ба суннатҳои ғайримилӣ шакл гирифтааст. Аз ин бармеояд, ки ҳамагуна тарғибот ва иттилоот характери идеологӣ касб мекунад ва барои ҷалби ҷавонону тоифаи осебпазир истифода мешавад. Мутобиқи хулосаи матолиби ВАО- и электронии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои аввали қарни XXI инсоният бо ғояҳои диниву сиёсии ифротгароие рў ба рў гардид, ки барои аҳли башар хатари ҷиддӣ доранд. Мақсади ин ғояҳои диниву сиёсӣ ба даст овардани ҳокимият, дар қарни XXI, ҷорӣ намудани арзишҳои асримиёнагӣ, нобуд сохтани давлатҳои миллӣ ва ҷойгузин намудани низоми исломӣ мебошад.
Суоле ба миён меояд, ки чаро чунин падидаи номатлуб, бавижа фейкҳои наҳзатии шабакаҳои интернетӣ дар афкори гурўҳе аз ҷавонони калаванда ва осебпазири тоҷик то андозае реша давондааст ва оё аз мо, бахусус равшанфикрону ҷавонони бедордил муборизаи рўзмарраи пайвастаро талаб менамояд?. Ба назари мо, сабаб дар он нуҳуфтааст, ки созмонҳои ифротиву террористӣ амалҳои худро бо ғояи исломи сиёсӣ асоснок менамоянд, яъне ба ибораи дигар, дар пасманзари он ғоя ё мафкураи бегона вуҷуд дорад. Бахусус, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти сиёсии ташкилоти мамнуъи террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон консепсияи Ихвонулмуслимин нақши муҳим дорад. Мутобиқи пажўҳиши сиёсатмадорони тоҷик агар аксари ҳизбу ҳаракатҳои исломии дигар ба таври зурӣ ва инқилобӣ дигар кардани ҳокимияти сиёсӣ иқдом намоянд, ихвониҳо, ки наҳзатиҳои тоҷик думравони ононанд, ҳам аз методи бо роҳи осоишта дигар кардани низоми сиёсӣ ва ҳам бо роҳи яроқноку зурӣ дигар кардани низоми сиёсӣ истифода менамоянд.
Коршиносони масоили сиёсии мамалакат зимни
баррасии ин матлаб ин усулҳоро ба таври зер тавзеҳ медиҳанд:
Усули аввал «қадам ба қадам» ном дорад, ки тибқи он гурўҳҳои ихвонӣ ва наҳзатӣ аввал ячейкаҳои алтернативӣ ва ниҳодҳои хешро дар кишвари мавриди назар ташкил медиҳанд. Тавассути ин ячейкаҳои худ тарғиби илмҳои теологӣ, шахсиятҳои динӣ ва шахсиятҳои таърихии мазҳабиро тариқи таъсис додани расонаҳои гурўҳӣ, рўзномаҳо радиову телевизионҳо, сайтҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мемонанд. Шахсиятсозӣ кардан аз рўҳониён ва ба як намоди ҷомеа табдил додани онҳо яке аз корҳои дигарест, ки онҳо анҷом медиҳанд.
Усули дуюм ин аст, ки дар фазои иҷтимоӣ ихвониён бештар кўшиш мекунанд аз усули демогогия истифода намуда, ҳамаи дастовардҳои илмиро бунёди динӣ диҳанд, ки асли ин кашфиёт ва фаровардаҳои инсонӣ аз дин сарчашма мегирад ва ин шахсиятҳое, ки ҳамин кашфиятҳоро анҷом додаанд худашон муҳим нестанд, балки ба иродаи иллоҳӣ ин амалҳоро анҷом додаанд.
Сеюм, ихвониён ва наҳзатиён мисли тамоми ҳаракатҳои дигари фундаменталӣ консервативӣ ва ортадоксӣ мебошанд. Онҳо дигар ақаллиятҳои динию мазҳабиро таҳаммул надоранд ва мисли дигар равияҳои консерватӣ рақсу мусиқӣ ва дигар машғулиятҳои фароғатиро маҳдуд сохта, сахт ба зидди пушиши озоди занонанд ва даъво доранд, ки мактабҳои занонаю мардона алоҳида ва барномаҳояшон низ бояд мутафовит бошанд.
Чорум, принсипи дигари усули «қадам ба қадам» ин исломсозии ҷомеа ва давлат «аз боло» ба ҳисоб меравад. Барои иҷрои ин принсип ихвониён бештар кўшиш менамоянд, то нафароне, ки дар идораи ҷомеа даст доранд ё хешовандону пайвандони онҳоро мағзшўӣ намуда, ба тарафи худ ҷалб намоянд.
Мо ин усулҳоро дар фаъолияти пайвастаи ташкилоти мамнуъи террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки воқеан консепсияи сиёсии Ихвонулмуслиминро сармашқи кор намудааст, ҳамарўза ба мушоҳида мегирем. «Шумо агар ҳам ба ҳукумат эътимод надореду ҳам ба мухолифин, пас роҳи сеюмро интихоб кунед» гуфтани Муҳиддин Кабирӣ аз усулҳои санҷидашудаи Ихвонулмуслимин дар корзорҳои сиёсӣ аст, ки наҳзатиён мехоҳанд тавассути он бо роҳандозии бозиҳои сиёсии пасипардагӣ бо чеҳраи нав дар саҳнаи сиёсии мамлакат аз нав зуҳур намоянд.
Қадам ба қадам дигаргун намудани фаъолияти манфури худ, бо чеҳраи мутавофит наздик шудан ба рўйкарди воқеаҳо, мутобиқ намудани фаъолияти сиёсӣ ба низоми сиёсии давлатҳои гуногун, ҳатто мухолифақидаи худ гувоҳи он аст, ки ташкилоти мамнўъи террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон маҳсули бозичаи сиёсии қудратҳои ҷаҳон аст.
Ин ҳизби мамнўъ дар Тоҷикистон омода аст бобати амалӣ намудани нақшаҳои сиёҳу манфур ва барномаҳои ҳадафманди худ аз тамоми роҳҳо истифода намояд, шабакаҳои иҷтимоиро барои монипулятсияи афкори умум, фейкҳои интернетиро бобати гумроҳ намудани гурўҳи осебпазири ҷавонон сафарбар намояд ва ҳатто агар зарур ояд оташи низоъ, кинаву хусумати диниву маҳаллиро аз нав барафрўзад. Аз ин рў, прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2019 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бастани сомонаҳои интернетии «Ахбор. ком» ва «наҳзат.ру» муроҷиат намуд. 18 феврали соли 2020 аризаи мазкур аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардида, сомонаҳои интернетии «Ахбор. ком» ва «наҳзат.ру» баста шуда, воридоту паҳн кардани аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва маводи чопии онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Аз ин рў, кирдори ашхосе, ки хилофи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда бо созмонҳои террористӣ ва сомонаҳои манфиатҳои онҳоро ҳимоякунанда ҳамкорӣ менамоянд, тибқи талаботи қонун баҳогузорӣ карда мешавад.
Ин иқдоми саривақтӣ моро ба хулосае меорад, ки воқеан таасуби диниву мазҳабӣ, бегонапарастӣ ва кур-курона, гаравидан ба равияҳои номатлуб, бовар кардан ба хабарҳои муғризонаи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ боиси ноамнӣ дар ҷомеа хоҳад шуд. Аз ин рў, ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонем, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳангомаҳои интернетӣ, хабарҳои воҳимаангези расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ фирефта нашуда, ба равияҳои номатлуб нагараванд, фирефтаи кирдорҳои худхоҳона, фейкҳои манфиатҷўёна ва зиддимиллии наҳзатиён нашаванд.
Ҳодисаҳои февралии солҳои 90- и қарни ХХ, ки наҳзатиён қувваи пешбарандаи он буданд, аз тарғибот дар масҷидҳо оғоз шуд. Ҳатто пешвоёни онҳо тавассути телевизион мардумро мустақиман ба ҷиҳод давъват мекарданд, муҷодиҳидонро «шаҳиди гулгункафан» ва «муборизи роҳи ҳақ», «фидоии роҳи ислом» ном мебурданд. Ин сенарияи санҷидашуда ва ҳадафманди Ихвонулмуслимин буд, ки онро наҳзатиён дар шароити Тоҷикистон амалӣ намуданд. Дар натиҷа кирдорҳои зиддиконститутсионӣ ва разилонаи ҳамин ҳизб буд, ки таърих барои миллати мо солҳои даҳшатнокро нишон дод. Солҳои 1991-1997 идае аз ҳамватанини мо бо дассисаҳои шахсони фитнаҷўву манфиатхоҳи ташкилоти мамнўъи террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон фирорӣ гардиданд. Занону модарони тоҷик дар Афғонистоон ва кишварҳои ҳамҷавор шаҳди ғарибӣ чашиданд, вале бо ҳидят ва дасгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба Ватан баргаштанд. Натиҷаи талоши ҷоҳилонаи гурўҳҳои манфиатҷў дар замони ҷанги ҳамватан ба миллати мо гарон афтод.150 ҳазор нафар ҳалок, садҳо ҳазор нафар дар ватани худ фирорӣ, садҳо манзил вайрон, беш аз як миллион аҳолӣ ба хориҷи кишвар гуреза шуд. Ҳоло ҳам модарон дар сўги фарзандон нишастаанд, ҳоло ҳам оби дидаи фарзандон дар роҳи падарон хушк нашудааст, ҳоло ҳам захмҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар тани Тоҷикистон куллан шифо наёфтаанд. Шояд ин лаҳзаҳои ҳассосу ғамангези таърихи миллатро, ки сабабгори аслӣ маҳз Шумо наҳзатиён будед, аллакай фаромўш карда бошед, аммо ҳеҷ гоҳ ин сабақи таърих аз ёди миллат нарафтаву намеравад. Оре, кўр як бор асояшро гум мекунад. Ба умед нашавед, мардум дигар аз ниятҳои тафриқаандози шумо пайравӣ намекунад.Инро табаддулоти нокоми саркардаи наҳзатиён Ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015 ҷиддан бармало сохт ва як чиз мусалламаст, ки корномаи зиддимиллии ташкилоти мамнўъи террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ойинаи таърихи миллати тоҷик абадан сиёҳ мунъакис хоҳад шуд! Иғвои навбатии наҳзатиён, афкори ба низоъ нигаронидаи онҳо ҳамон идомаи тададдулоти нофарҷоми онҳо аст, ки бо ҷаҳди мунавварфикрони миллат ба ҳошия рафтаву ноком мешавад. Зеро буҳтонҳои дастгоҳи дурўғпарокании наҳзатиён ва пайравонашон реша бар воқеияти ҳаёт надорад ва дурўғ бе фурўғ аст.
Ҳамватанони азиз, ҷавонони мамлакат! Тоҷикистон ватани ҳамаи мост ва танҳо мо ин меҳанро обод менамоем. Барои пешгирии хабару ақидаҳои носолим ва тахрибкори шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ҳамаи мо, бахусус ҷавонон атрофи сиёсати созанда ва раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва нагузорем, ки ақидаҳои тахрибкор ба афкори ҷавонони мо зарар расонида боиси носуботии ҷомеа гарданд.
Ҳифзи музаффариятҳои истиқлол, ваҳдати умумимиллӣ, фарҳанги асили миллӣ, забон ва сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони азиз бояд барои ҳамаи мо муқаддас ва гиромӣ бошад. То тавонем ин давлатро, ин миллатро, ин сарзамини мардони бошарофатро ҳифз намоем, шарафу номуси миллиро меҳвари фаъолияти ҳамарўза қарор дода, сарҷамъона аз як гиребон сар бароварда бар зидди фейкҳои интернетӣ, афкори тахрибкору ҳангомаҷўю фитнаангези шабакаҳои иҷтимоӣ, ғаразҳои шуму бепояи бадхоҳони миллат ва нотавонбинони давлат ҷадал намоем!!.
Саидмурод Хоҷазод
профессор