6 июни соли 2023 ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода баргузор гардидааст.
Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба истифодаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, пешниҳодҳо ҷиҳати кам кардани номгӯи мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, татбиқи «реҷаи гармӣ» ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аҳлиддин Нуриддинзода қайд намудааст, ки дар асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар дар самтҳои қайдгардида, ки бевосита ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидааст, як қатор корҳои назаррас иҷро шудааст ва вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо чораҳои амалӣ меандешанд.
Инчунин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳамоҳангсоз вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иқдомҳои минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.