Боздошти марде бо гумони дуздии скутер

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 5-уми июни соли 2023, шасхони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди роҳи мошингарди ҶДММ “Бозори-Баҳор” 1-адад скутер тамғаи “Укта”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, изофа мекунад, ки зарари расонидашуда 6 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.