Гулнора Ҳасанзода бо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Имрӯз 6-уми июни соли 2023 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо сафири фавқулода ва мухтори Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев мулоқот анҷом додааст.

Дар ин бора сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки дар оғози мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Тавре манбаъ зикр мекунад, зимни боздид тарафайн ба натиҷа расиданд, ки дар оянда вобаста ба масъалаҳои марбут ба соҳа ҳамкорӣ намоянд.