Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарқи об шудани ду бародарони ноблолиғ, сокинони кӯчаи С. Садирови ноҳияи Восеъ хабар дод, ки яке 13 ва дуюмӣ 11 сол доштааст.
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ду бародар ҳангоми оббозӣ дар қаламрави ҷамоати Ҳулбук, маҳаллаи Сино ғарқ шудаанд.
Баъди дарёфти хабар имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти минтақаи Кӯлоб соати 14:00 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои ҷустуҷӯиро оғоз намуданд. Соати 17:00 дақиқа ҷасади яке аз ин ду бародарон пайдо ва волидонаш супурда шуд.
Ҷустуҷӯи ҷасади дуюм то торикӣ идома дошт, вале бенатиҷа анҷом гирифт. Танҳо рӯзи 4 июн ҷасади навраси дуюм ҳам пайдо ба ба соҳибонаш супурда шуд.
Як писари ноболиғи дигар, истиқоматкунандаи деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ҳангоми оббозӣ дар обанбори оби заминҳои полезӣ ғарқ шудааст.
Ӯ ҳамагӣ 13 сол дошт. Ҷасади ӯро соати 13:30 дақиқаи рӯзи 3-уми май пайдо ва волидонаш супурданд.
Сабаби марги ноболиғ оббозӣ дар макони мамнуъ ва беназоратии волидон гуфта шудааст.
Як сокини 14-солаи кӯчаи Ҳамзаалиеви шаҳри Хуҷанд рӯзи 3-уми майи соли 2023 тақрибан соати 14:35 дақиқа ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шудааст.
Баъди дарёфти хабар имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд соати 14:50 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, соати 15:20 дақиқа ҷасади ноболиғро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Ба иттилои манбаъ, сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.
Фоҷеаи дигар дар дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Як духтарчаи 7-сола, сокини деҳаи Навбунёд-5, ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳия, ки мехост бародари ғарқшудаашро наҷот диҳад, вориди оби канал шуда, ба қубури обгузари андозаи 1,5м 3 даромада, нопадид шудааст.
Ҷасади бародарашро сокинони деҳа пайдо ва ба волидонаш супурдаанд.
Соати 18:38 дақиқа имдодгарони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ – наҷотдиҳӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, то соати 20:30 дақиқа корҳои ҷустуҷӯиро идома доданд, вале мутаасифона ҷасад пайдо нашуд. Лозим омад рӯзи дигар корҳои ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуда, билохира ҷасади духтарча пайдо ва ба падару модараш супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот додааст, ки аз аввали сол дар обҳои кишвар 47 нафар ғарқ шуданд, ки 26 нафари онҳо то 16-сола буданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба волидоне, ки дар мотами ҷиграбандони худ нишастаанд, изҳори таслият мекунад ва ҳамзамон бори дигар ба таваҷҷуҳи падарону модарон мерасонад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
Ин шаш ҳодисаи марге, ки зикраш дар боло рафт, маҳз дар натиҷаи беназоратии калонсолаон рух додааст. Дар ягон ҳодиса канори ноболиғон шахсони бузургсоле набуданд, ки барои наҷоташон талош кунанд. Фосилаи байни вуруд ба обу ғарқ гардидану марги фоҷеавӣ хеле кутоҳ аст, ки инро ҳамагон медонанд.
Фарзандоне, ки қоидаҳои шиноварӣ намедонанд, набояд ба соҳили обҳо раванд ва ин падарону модарон мебошанд, ки ҳар қадами фарзандони худро назорат кунанд.