Рӯзи 22-юми май бозиҳои даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола доир гардиданд.
Дар ин давр дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов бо тими ҷавонони Афғонистон бо натиҷаи 1:1 мусовӣ бозӣ кард. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 28-уми рақобат ҳамлагари тими ҷавонони Тоҷикистон Масрур Ғафуров кушод. Дар оғози қисми дуюми дидор Амин Ҳамаюн ҳисобро мусовӣ кард.
Дар бозии дигари ин давр ҷавонони Ӯзбекистон бар тими ҷавонони Туркманистон бо ҳисоби калони 9:2 ғалаба ба даст овард. Дар ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон Абдуғафур Ҳайдаров 5-гол ба дарвозаи ҳариф зад.
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонон рӯзи чоршанбеи 24-май баргузор мешаванд. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-17) дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бо тими миллии Туркманистон вомехӯрад. Дар баробари ин, дар варзишгоҳи «КМВА»-и Душанбе бозии дастаҳои мунтахаби Эрон ва Афғонистон баргузор мешавад.