Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар бораи аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом додани парвозҳои чартериро дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе қарор қабул намуд, дар ин бор Вазорати корҳои хориҷии мамлакат иттилоъ медиҳад.
Парвози чартерӣ дар самти Душанбе-Минск, пеш аз ҳама, барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба ин, вазорат аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи санитарию эпидемиологиро ба назар гиранд.
Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Беларус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд. Барои харидани чиптаҳои ҳавопаймо дар самти Душанбе-Минск шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд.
Тавассути парвози чартерӣ дар самти Минск-Душанбе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд. Барои шомил шудан ба рӯйхати интиқол ҳамватанон мебояд ба сафоратҳои Тоҷикистон дар Минск ва Киев муроҷиат намоянд.
Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Ҳамзамон кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди шаҳодатнома озод мебошанд.