Дар Қазон рафти татбиқи Харитаи роҳ оид ба рушди сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Россия баррасӣ шуд

18-19 майи соли ҷорӣ дар ҳошияи Форуми Қазон 2023 “Россия – ҷаҳони ислом” дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин бо вазири рушди иқтисоди Федерасияи Россия Решетников Максим Геннадевич доир гардид.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо аз рафти татбиқи Харитаи роҳ оид ба рушди сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федерасияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ, ки зимни сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия ҷаноби Мишустин М. В. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 2-3 марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карда шуд, ки санади мазкур барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни мақомоти дахлдори соҳаи сайёҳӣ, ассотсиатсия ва ширкатҳои сайёҳии тарафҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҷониби Федератсияи Россия аз иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ дар самти сайёҳӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия баргузор мегарданд, изҳори сипос намуда, зикр намуданд, ки иштирок дар чунин чорабиниҳо барои ҷалби сайёҳон нақши муҳимро иҷро менамояд.

Ҳамзамон, ҷониби Федератсияи Россия зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо аз нуқтаи назари обҳои шифобахш балки бо сайёҳии агро-эко ва гастротуризм ниҳоят кишвари ҷалбкунандаи сайёҳон маҳсуб меёбад. Табиати рангоранг, меваҳои аз нуқтаи назари экологӣ тару тоза, таомҳои миллӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ барои сайёҳони рус диққатҷалбкунанда мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот қайд карда шуд, ки дар асоси банди 4 Харитаи роҳи зикргардида айни замон ҳайати ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати муаррифӣ намудани имконоти сайёҳии кишвар ба шаҳрҳои Федератсияи Россия ташриф бурда, бо намояндагони васеи ширкатҳои сайёҳии Федератсияи Россия вохӯриҳо анҷом дода истодаанд. Он ҷониб қайд намуд, ки барои дар сатҳи муносиб баргузор намудани ин чорабиниҳо кумаки амалӣ анҷом дода, омодагии худро барои ҷалби ҳарчӣ бештари ширкатҳои сайёҳӣ ва ва дигар ҷонибҳои манфиатдор изҳор намуд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои рушди соҳа арзёбӣ мегардад. Ҷониби Федератсияи Россия дар ин самт омодагии худро барои мусоидат намудан дар ҳалли масъалаи мазкур изҳор кард.