Тақвими бозиҳои Чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонони то 20-сола муайян гардид

Тақвим ва вақти бозиҳои Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола муайян гардид.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аз 21-ум то 28-уми май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешавад. Аз рӯи тақсимот 5-бозӣ дар варзишгоҳи «КМВА»-и шаҳри Душанбе ва 5-вохӯрии дигар дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода сурат мегиранд.

Дар Чемпионати CAFA-2023 тими наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳои тими наврасони кишвар дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир мешаванд.

                   Сорбон Амонуллозода