Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пас аз Чемпионати ҷаҳонии ҷудо дар Доҳаи Қатар, раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпиро миёни ҷудокорон интишор кард.
Тибқи раддабандии нави (IJF), паҳлавони сангинвазни тоҷик – Темур Раҳимов дар вазни +100кг мавқеашро дар ҷои аввал нигоҳ дошт. Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон дар Доҳа сазовори ҷои 5-ум гардид ва 720-имтиёз ба даст овард. Ҳамин тариқ шумораи умумии имтиёзҳои Темур ба 6050 расид.
Мавқеи Комроншоҳи Устопириён дар вазни (-90кг) дар ҷои 16, Сомон Маҳмадбеков дар вазни (-81кг) дар ҷои 32 тағйир наёфт. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни (-90кг) 20-зина, Шаҳбоз Саидаброров дар вазни (-66кг) 15-зина, Шодмон Ризоев дар вазни (-81кг) 11-зина, Абубакри Акобир дар вазни (-100кг) 11-зина, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни (-73кг) 3-зина ва Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни (-66кг) 2-зина боло рафтанд.
Дар раддабандии олимпӣ Темур Раҳимов дар ҷои дуюми вазни +100кг, Эмомалӣ Нуралӣ дар ҷои 11-уми вазни -66кг, Комроншоҳи Устопириён дар ҷои 22-юми вазни -90кг ва Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 34-и вазни -81кг мавқеъ гирифтаанд.
Сорбон Амонуллозода