10-12 май муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва узви гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён дар ҷашни 50-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон иштирок ва дар мавзуи «Устувории Конститутсия-кафолати устувории ҷомеа» сухан гуфтанд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
10 май вохӯрии муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Раиси Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҷа Парвиз Ашраф баргузор гардид. Зимни он оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Покистон ва самтҳои муҳими густариши робитаҳои сиёсии ду мамлакат табодули афкор сурат гирифт.
Таъкид карда шуд, ки нақши парлумонҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстонаи байни ду мамлакат хеле арзишманд аст. Фаъол гардонидани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ амри зарурӣ аст, зеро он дар тавсеа ва густариши ҳамкории байни Тоҷикистону Покистон дар ҳама соҳаҳо саҳми арзанда хоҳад дошт.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мулоқот бо муовини Раиси Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Зоҳид Акрам Дурронӣ мавзуъҳои мубрами ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудааст ва барои муаррифии он бояд бештар иқдом намуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ инчунин мулоқоти кӯтоҳ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, Одил Абиш Оглу Алиев, муовини Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Шайх ал Хаттоб ибни Ғолиб, муовини раиси Шӯрои давлатии Салтанати Уммон, ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон, сенаторони парлумони Покистон ва дигарон доир гардид.