Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Қазон иштирок менамояд

Аз 18 то 20 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия- шаҳри бостонии Қазон Форуми байналмилалии иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Дафтари матбуоти хориҷии ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалии иқтисодӣ хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 57 давлати ҷаҳон дар ин форум иштирок менамоянд. Дар чорчӯби KazanForum-2023 тақрибан 200 чорабинӣ, аз ҷумла 140 нишасти мавзуӣ баргузор хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин мавзуъҳоест, ки бо иштироки коршиносони шинохтаи ду давлат, дипломатҳо, ҷомеашиносон ва рӯзноманигорон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Форуми мазур бори нахуст соли 2009 баргузор гардида буд.

Форуми байналмилалии иқтисодӣ  дар Маркази Байналмилалии Намоишгоҳи «Қазон Экспо» баргузор гардида,  дар кори он меҳмонони сершумори ватаниву хориҷӣ –намояндагони сиёсату тиҷорат ва  илму фарҳанг иштирок менамоянд.

Ҳамасола Форум бо дастгирии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон баргузор мегардад.