Дар Душанбе бо субъектони фаъоли хоҷагидори шакли моликияташон ҷамъиятӣ ва хусусӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Шаҳраки шифобахш” аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ семинари омӯзишӣ бо субъектони фаъоли хоҷагидори шакли моликияташон ҷамъиятӣ ва хусусӣ, инчунин филиалҳои онҳо, ки дар самти муомилоти доруворӣ ва муъомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, моддаҳои сахттаъсир ва моддаи заҳрнок фаъолият доранд, гузаронида шуд.

Дар оғози семинар полковник Бозоралӣ Сафарализода иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати назорати муомилоти маводи наъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовар сухаронӣ карда, қайд намуд, ки бо вуҷуди гузаронидани семинарҳои доимӣ боз ҳам дар миёни субъектони фаъолияти хоҷагидор, ки ба муомилоти доруворӣ, инчунин дар самти муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок фаъолият менамоянд, ҳастанд нафароне, ки ба истифодаи ғайриқонунии маводҳои нашъадор ва сахттаъсир даст мезананд. Аз ҷумла дар давоми се чор моҳи соли равон чанд ҳолати чунин қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин боиси ташвиш ва нигаронӣ аст.
Бояд гуфт, ки дар кишвар Қонун “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” ва “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” амал менамоянд, ки барои пеш гирифтани муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъадорро мусоидат мекунанд. Идибек Қадамов муовини сардори Хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар идомаи семинар гуфт, ки соли гузашта бо қарори Ҳукумати ҶТ ба рӯйхати доруҳои махсус назоратшаванда номгӯи нави доруҳо ворид карда шудаанд, ки муомилоти ин навъи доруҳо тартибу қоидаҳои худро доранд ва донистани онҳо барои ҳар як нафар субъектони фаъолияти хоҷагидор, ки ба муомилоти доруворӣ, инчунин дар самти муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок фаъолият менамоянд, зарур мебошад.

Маврид ба зикр, ки ҳадафи асосии семинари омӯзишӣ, ин фаҳмонидани муҳтаво ва талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самти муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнокро ба танзим медароранд, мебошад. Инчунин, такмили маҳорати касбии кормандони вазорату идораҳои дахлдор, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектони фаъолияти хоҷагидор, пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз муомилоти қонунӣ ба муомилоти ғайриқонунӣ мубадал гардидани маводҳои назоратшаванда, содагардонии дастрасии маводи дорувории нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба эҳтиёҷмандон, мебошад.

Сарвинози Сайдалӣ,

Радиои Тоҷикистон