Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд ба нимфинал роҳ ёфт

Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд ба нимфинал роҳ ёфт.

Бояд гуфт, ки новобаста аз натиҷаи нимфинал Баҳодур Усмонов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс мегардад.

Имрӯз муҳорибаҳои даври чорякфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс баргузор мешавад.

Асрор Воҳидов (57 кг) дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз муштзани қирғиз — Мунарбек Сеитбек Уулу бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 1 бар 4 шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Инчунин бегоҳии имрӯз дар вазни 92кг Давлат Болтаев ба муқобили Азиз Аббос Муҳиддин аз Италия ва дар вазни 75кг Некрӯз Салимов ба муқобили Морино Фендеро аз Фаронса қувваозмоӣ мекунанд.