Ракеткаи дуюми ҷаҳон Карлос Алкараси испанӣ бо ракеткаи 65-уми ҷаҳон Ян-Леннард Штруффи олмонӣ, дар финали мусобиқаи ATP Mutua Madrid Open барои унвони қаҳрамонӣ мубориза бурданд.
Рақобати ин ду теннисбоз дар корт 2-соату 25-дақиқа идома ёфта, бо ҳисоби 6-4, 3-6, 6-3 ба фоидаи Карлос Алкарас хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқа Алкараси 20-сола муқобили Борна Чоричи хорватӣ бо ҳисоби 6:4, 6:3 ва Штруфф дар навбати худ дар даври ниманиҳоӣ бар намояндаи Русия – Аслан Каратсев бо ҳисоби 4:6, 6:3, 6:4 пирӯзӣ ба даст оварда буданд.
Бояд қайд намоем, ки фонди ҷоизаи мусобиқа 7,7 миллион евроро ташкил медиҳад. Қаҳрамони қаблии мусобиқа худи Карлос Алкарас ба ҳисоб меравад ва бояд қайд намоем, ки Алкарас унвонӣ қаҳрамонияшро дигарбора дар Мадрид ҳифз намуд.
Миёни бонувон бошад Арина Соболенко аз Белоруссия ғолиби мусобиқаи WTA Mutua Madrid Open гардид!
Арина Соболенко аз Белоруссия дар рақобати финалии мусобиқа ракеткаи якуми ҷаҳон – Ига Швентекро аз Лаҳистон шикаст дода, унвони қаҳрамониро ба даст овард.
Рақобати ин ду теннисбози бомаҳорат ва соҳибтаҷриба рӯи корт 2-соату 27-дақиқа идома карда, бо ҳисоби 3:6, 6:3, 3:6 бар суди Соболенко ба анҷом расид.
Дар умум, Соболенко ва Швентек миёни ҳам 7-рақобат гузаронидаанд, ки дар бештари бозиҳо теннисбозӣ лаҳистонӣ (5:2) пирӯзӣ ба даст овардааст.
Бори охир Швентек бо Соболенко дар финали мусобиқа дар Штутгарт моҳи апрели соли 2023 бозӣ карда буданд, ки он ҷо теннисбозӣ лаҳистонӣ зафар ёфта буд.
Ҳамакнун, дар мусобиқаи Мадрид – Соболенко пирӯзӣ ба даст оварда, қасди бохтҳояшро аз Швентек ситонид.
Ногуфта намонад, ки фонди ҷоизаи мусобиқа миёни бонувон ҳам 7,7 миллион евроро ташкил медиҳад.
Сорбон Амонуллозода