ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ГУЗАШТА, ИМРӮЗА ВА ОЯНДАИ ТОҶИКОН

Бо чунин унвон китоби нави профессори Донишгоҳи миллӣ Равшан Раҳмонӣ аз чоп баромадааст. Китоб аз мақолаҳое иборат аст, ки муаллиф дар тули 30 сол навишта, онҳо дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати забон, таърих, фарҳанги тоҷикон ва форисзабонони дунё мебошанд. Ин китоб зери назари ректори ДМТ, профессор Қ.Хушвахтзода ба чоп расида, муҳҳаррирони он дотсент Н. Насимов (раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд) ва профессор С. Эмомалӣ (декани факултети филологияи ДМТ) мебошанд.

Аз мазмуни мақолаҳо маълум мешавад, ки аз ҳамон соле, ки Пешвои миллат Сарвари Тоҷикистон интихоб шуданд, Р. Раҳмонӣ низ ҳамчун шахси миллатдӯст дар таблиғи забон, фолклор, адабиёт, расму оин, таърихи мардуми тоҷик машғул аст. Ӯ ба беш аз 20 кишвари дунё сафар карда, дар конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ бо сухунрониҳои худ дастовардҳои баъди истиқлол кишварамонро ба шинос менамояд.

Ин китоб аз 14 гуфтор иборат аст. Вақте ки онро аз аввал то охир аз назар гузаронидам маро, пеш аз ҳама, ин гуфтаҳои устод Р. Раҳмонӣ аз гуфтори 14-ум ҷалб намуд, ки навиштааст: «Дар як хона чанд тан аз миллатдӯстон аз созмони миллии «Ориёнои Бузург» ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо мекарданд. Замоне ки суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд ва гуфтанд, ки: «Халқи тоҷик, давлати тоҷик, миллати тоҷик намемирад!» ашк аз чашмони дӯстони мо ҷорӣ шуд ва аз он рӯз тасмим гирифта шуд, ки созмони миллии «Ориёнои Бузург» дигар лозим нест. Чунки ормонҳои ин созмон бо роҳбарии Сарвари кишвар амалӣ хоҳад гашт ва ҳамин тавр ҳам шуд.