3 майи соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе 10-умин Симпозиуми минтақавӣ оид ба масъалаҳои табобати бемории сил дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Пешрафти илмӣ: ҳалли мушкилоти бемории сили ба доруҳо устувор дар дасти худи мо аст” баргузор гардид.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати андурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони як қатор кишварҳо, шарикон оид ба рушд, роҳбарон ва кормандони соҳаи силшиносии мамлакат иштирок намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода нахуст иштирокчиён ва меҳмонони симпозиумро аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбеи ҳамешабаҳор хайрамақдам гуфт.
Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии мубориза бар зидди бемории сил заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, дар ин самт як қатор барнома ва дигар ҳуҷҷатҳо тасдиқ ва амалӣ шуда истодаанд.
Махсусан, айни ҳол дар кишвар “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” амалӣ гардида истодааст.
Дар идомаи симпозиум як қатор иштирокчиён бо маърӯзаҳо баромад намуданд.