Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сирри давлатӣ мизи мудаввар доир шуд

4 майи соли 2023 бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сирри давлатӣ, ки ҳамасола санаи 6 май таҷлил карда мешавад, бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар низоми хизмати давлатӣ, баланд бардоштани савияи касбии хизматчиёни давлатӣ дар ин самт мизи мудаввар дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар низоми хизмати давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” баргузор гардид.

Таврез аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зикр шуд, ки вазъи иқтидори зеҳнӣ ва технологӣ, нерӯи инсонӣ ва захираи кадрҳо ҳамеша аз лиҳози баҳогузории иқтидорӣ ба вазъи низоми идоракунии давлатӣ ва омӯзиши авзои ҷомеа муҳим буда, дар робита ба ин масъалаи муҳим, омодасозии кадрҳо, фаъолияти самараноки низоми идоракунии давлатӣ, таҳкими низоми идоракунии захираҳои инсонӣ, таҳкими усулҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, низоми ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати нигоҳдорӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос, такмилдиҳии равандҳои маъмурӣ, ташаккули унсурҳои зарурии “Ҳукумати электронӣ” ва татбиқи сиёсати “маълумоти кушода”, ҷорӣ намудани технологияи муосир ва инноватсионии фаъолияти идоракунӣ дар асоси шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва бо ин мақсад истифодаи васеи захираҳои иттилоотӣ дар фаъолияти идоракунии давлатӣ ва ташкили бонизоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок дар боби алоҳидаи таҳкими нерӯи институтсионалии кишвар ҳамчун низоми самарабахши идоракунии давлатӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 муайян гардидаанд.

Дар қисмати ҷамъбасти мизи мудаввар бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, инчунин роҳбарият ва масъули низоми махфии Агентии хизмати давлатӣ аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадршиносӣ гардиданд.