Бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, читгарӣ ва атласу адрасбофӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд» Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.
Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Фестивал аз рӯи шаш бахш, аз ҷумла,
– беҳтарин либоси қадимаи чакан;
– беҳтарин либоси кӯдакона;
– беҳтарин либоси рӯзмарра;
– беҳтарин либоси маросимӣ ва идона;
– беҳтарин либоси расмӣ;
– беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ доир карда шуд.
Дар Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» 35 нафар тарроҳону ҳунармандон ва 170 нафар занону духтарон иштирок намуданд.
Ҳайати ҳакамон паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро ба инобат гирифта, ғолибон муайян карданд.
Ғолибони Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, барои иштироки фаъолона дар Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» тарроҳону ҳунармандон, аз ҷумла Ниёзова Матлуба ва Пӯлотова Мафтуна аз шаҳри Хуҷанд, Ҷӯраева Нигина аз шаҳри Истаравшан, Азизова Зафар аз ноҳияи Деваштич бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.