Ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд

30 апрели соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои ташрифотӣ Набил ал-Дахил,  доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.