Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйиноти кадрӣ ба амал оварда шуд

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои ба вазифаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Сафарзода Шарифхон Нураҳмад  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон розигӣ доданд.